Президент Убайдуллоевро бо Ордени «Зарринтоҷ», дараҷаи-1 сарфароз гардонид

Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки аз вазифааш барканор шуд, бо Ордени «Зарринтоҷ», дараҷаи-1 сарфароз гардонида шуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар бинои маркази равобити «Пойтахт» рӯзи 12 январ бо иштироки нахуствазири ҷумҳурӣ, вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, инчунин намояндагони дигар сохторҳои идории шаҳри Душанбе маросими […]

Asia-Plus

Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки аз вазифааш барканор шуд, бо Ордени «Зарринтоҷ», дараҷаи-1 сарфароз гардонида шуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар бинои маркази равобити «Пойтахт» рӯзи 12 январ бо иштироки нахуствазири ҷумҳурӣ, вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, инчунин намояндагони дигар сохторҳои идории шаҳри Душанбе маросими муаррифии ҳайати нави роҳбарикунандаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар ин маросим ба Маҳмадсаид Убайдуллоев мукофот супурда шуд.

Қоҳир Расулзода ба ҳозирин раиси нави шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, муовинони ӯ Маҳмадсаид Зувайдов, Бахтиёр Назирмадзода, Мавсума Муинӣ, Қурбон Саидзода ва Фаррух Ҷумазодаро муаррифӣ кард.

Ҳамчунин дар ин маросим иҷрокунандагони вазифаҳои раиси ноҳияи Синои пойтахт – Нусратулло Салимзода, ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Самӣ Шариф ва ноҳияи Шоҳмансур – Низом Ҳакимзода низ муаррифӣ шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.