Маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ пурра бардошта шуд

Аз рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон пурра бардошта шуд. Дар муроҷиатномаи худ ба мардуми кишвар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита изҳор намуд, ки соҳаи энергетика дар Тоҷикистон сол аз  сол рушд ёфта, Ҳукумати мамлакат барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ тамоми […]

Asia-Plus

Аз рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон пурра бардошта шуд.

Дар муроҷиатномаи худ ба мардуми кишвар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита изҳор намуд, ки соҳаи энергетика дар Тоҷикистон сол аз  сол рушд ёфта, Ҳукумати мамлакат барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ тамоми имконияту захираҳоро сафарбар намудааст.

«Бо мақсади бартараф намудани чунин ҳолати ногувор дар кишвар тадриҷан ду нерӯгоҳи бузурги барқи обӣ ва даҳҳо нерӯгоҳи хурд сохта,  хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор бунёд карда шуданд,- гуфт сарвари давлат. – Ба шарофати бунёди хатти интиқоли барқи 500 – киловолтаи «Ҷануб-Шимол» ва таҷдиду азнавсозии иқтидорҳои мавҷудаи соҳаи энергетика низоми ягонаи энергетикии мамлакат ба вуҷуд оварда шуд».

Зикр гардид, ки соли гузашта навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ба истифода дода шуд, ки дар самти амалӣ гардидани нақшаҳои афзалиятноки энергетикии кишвар рӯйдоди хеле муҳим ба шумор меравад.

«Бо мақсади беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, таъмини фаъолияти самараноки корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз 14 январи соли 2017 сар карда, маҳдудияти барқ пурра бардошта мешавад, яъне аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар тамоми қаламрави кишвар бисту чор соат бо барқ таъмин карда мешаванд», – омадааст дар муроҷиатнома.

Вобаста ба ин Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми кишвар ва роҳбарони тамоми ташкилоту муассисаҳо даъват ба амал овард, ки аз нерӯи барқ сарфакорона истифода баранд, ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд ва ҳаққи барқи истифодашударо сари вақт пардохт намоянд.   

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст