Русия моҷарои ҳавоӣ бо Тоҷикистонро амиқтар карданӣ нест

Максим Соколов, вазири нақлиёти Русия аз омодагии Маскав барои музокирот бо мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон хабар додааст. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, вай рӯзи ҷумъа дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ки ният надоранд, моҷарои ҳавоӣ аз ин амиқтар шавад. "Ҳамтоёни тоҷики мо мехоҳанд, даври нави музокиротро баргузор кунанд. Нишасти охирин моҳи декабри соли гузашта сурат […]

Asia-Plus

Максим Соколов, вазири нақлиёти Русия аз омодагии Маскав барои музокирот бо мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон хабар додааст.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, вай рӯзи ҷумъа дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ки ният надоранд, моҷарои ҳавоӣ аз ин амиқтар шавад.

"Ҳамтоёни тоҷики мо мехоҳанд, даври нави музокиротро баргузор кунанд. Нишасти охирин моҳи декабри соли гузашта сурат гирифта буд. Мо омодаем, ки ин гуфтугӯро ҳатто фардо баргузор кунем", – таъкид кардааст ӯ.

Зикр мегардад, ки вазири нақлиёти Русия гуфтааст, ният надоранд, дар парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикистон маҳдудияти бештар ҷорӣ шавад, вале афзуд, «талаботи протоколи моҳи ноябри соли гузашта бояд иҷро гардад».

Қобили зикр аст, ки аввали ҳафтаи гузашта мақомоти Тоҷикистон дар ин робита изҳор дошта буданд, ки ба идомаи гуфтушунидҳо бо мақомоти авиатсионии Русия дар мавриди иртиботи ҳавоӣ омода буда, ҳамтоҳои русиягии худро ба Тоҷикистон даъват карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.