Аз коҳиши воридот буҷет қариб 52 млн. долларро аз даст дод

Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон бинобар сабаби коҳиши ҳаҷми воридоти маҳсулот, соли гузашта аз уҳдаи иҷрои нақшаи ҷамъоварии боҷҳои гумрукӣ набаромад. «Соли гузашта аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлатии Тоҷикистон 3,8 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки аз нақшаи пешбинишуда ба андозаи 9,6% ё худ 407 млн. сомонӣ (ҳудуди 52 млн. доллари ИМА) камтар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон бинобар сабаби коҳиши ҳаҷми воридоти маҳсулот, соли гузашта аз уҳдаи иҷрои нақшаи ҷамъоварии боҷҳои гумрукӣ набаромад.

«Соли гузашта аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлатии Тоҷикистон 3,8 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки аз нақшаи пешбинишуда ба андозаи 9,6% ё худ 407 млн. сомонӣ (ҳудуди 52 млн. доллари ИМА) камтар аст», – гуфт зимни нишасти хабарӣ дар ин робита муовини аввали сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Абдураҳмон Каримзода.

Иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии боҷҳои гумрукӣ дар соли гузаштаро Каримзода  дар навбати аввал ба камшавии ҳаҷми воридоти маҳсулот марбут медонад.

«Ҳамчунин боз як қатор омилҳои дигаре низ мавҷуданд, ки ба иҷрои нақшаи ҷамъоварии боҷҳои гумрукӣ таъсири манфӣ расониданд, – қайд кард муовини аввали сардори Хадамот. – Аз ҷумлаи онҳо метавон коҳиши маҳсулотеро номбар кард, ки истеҳсоли онҳо аллакай дар дохили худи ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст (семент, қолинҳо, масолеҳи сохтмон, маҳсулоти кишоварзӣ, орд ва ғайра)».

Ғайр аз ин, зикр кард ӯ, ба коҳиши ҷамъоварии маблағи боҷҳои гумрукӣ ҳамчунин фаъолияти мавсимии гузаргоҳи марзии «Қулма» дар марзи Тоҷикистону Чин низ таъсир мерасонад, ки дар мавсими зимистон кор намекунад.

«Ба қатори омилҳои манфии таъсиргузор дар ин самт аз қочоқи маҳсулот ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамсояи Қирғизистон, мушкилоти марбут ба интиқоли маҳсулот ба ҷумҳурӣ тариқи қаламрави Афғонистон бар асари ноамнии вазъ дар ин кишвар ва ҳамчунин тарифҳои баланди транзитӣ (бахусус тавассути роҳи оҳан) дар Ӯзбекистон низ метавон ном бурд», – илова кард Каримзода.

Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, соли 2016 ҳаҷми воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистон каме бештар аз 3 млрд. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2015 ба миқдори 11,8% ё худ 404 млн. доллар камтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.