spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Доналд Трамп ВАО-ро ба иғвоангезии тазоҳургарон муттаҳам кард

Намоишҳои эътирозӣ зидди интихоби Доналд Трамп ба мансаби раисҷумҳури ИМА ба бетартибиҳои оммавӣ табдил ёфтанд. Худи Трамп васоити ахбори умумро ба иғвоангезии тазоҳургарон муттаҳам кард.

Медуза менависад, мақомоти пулис намоишҳои эътирозӣ алайҳи интихоби Доналд Трамп ба мансаби президентиро, ки дар шаҳри Портленди штати Орегон ҷараён доранд, «бетартибиҳои оммавӣ» эътироф намуда, дар твиттери мақомоти пулиси шаҳр ин тасмимро ба қонуншиканиҳои оммавӣ ва кирдори хатарнок»-и тазоҳургарон нисбат додаанд.

Бино ба маълумоти мақомоти пулис, иштирокчиёни ин бетартибиҳо ба беш аз 10 адад автомашинаҳо осеб расонида, шишаҳои якчанд мағозаҳоро шикастаанд.

Мақомоти интизомии Орегон огоҳ кардаанд, ки нисбати ошӯбгарон воситаҳои махсус истифода шуда метавонанд. Пулис аз тазоҳургарон дархост намудааст, ки ба яке аз майдонҳои маркази шаҳр гузаранд.

Дар ҳамин ҳол, президенти интихобшуда Доналд Трамп изҳор доштааст, ки дар бетартибиҳои оммавӣ дар кӯчаҳо зидди пирӯзии ӯ дар интихобот «тазоҳургарони касбӣ» иштирок доранд, ки онҳоро васоити ахбори умум иғвоангезӣ мекунанд. «Тамоман аз рӯи инсоф нест!», – навиштааст Трамп дар твиттер. Ӯ қайд кардааст, ки интихоботи президентӣ дар ИМА «хеле кушоду муваффақона» гузаштанд.

Пас аз пирӯзии Доналд Трамп дар маъракаи интихоботи президенти ИМА дар ин кишвар намоишҳои оммавии эътирозӣ шурӯъ шуданд, ки то ҳол идома доранд. Дар аксари ҳолатҳо онҳо ба таври осоишта мегузаранд, аммо мақомоти пулиси шаҳри Портленди штати Орегон доир ба оғози бетартибиҳои оммавӣ хабар дод.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...