Рустами Эмомалӣ омодагии пойтахт ба ҷашни Наврӯзро месанҷад

Раиси шаҳри Душанбе дар бораи даъвати иҷлосияи нуҳуми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  санаи 7 феврал қарор ба имзо расонид. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, масъалаи асосии мавриди баррасии ҷаласа рафти омодагии шаҳри Душанбе ба ҷашни Наврӯз буда, дар ин хусус ҳисоботи муовини аввали раиси шаҳр Маҳмадсаид Зувайдзода шунида мешавад. Гуфта […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе дар бораи даъвати иҷлосияи нуҳуми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  санаи 7 феврал қарор ба имзо расонид.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, масъалаи асосии мавриди баррасии ҷаласа рафти омодагии шаҳри Душанбе ба ҷашни Наврӯз буда, дар ин хусус ҳисоботи муовини аввали раиси шаҳр Маҳмадсаид Зувайдзода шунида мешавад.

Гуфта мешавад, ахири ҳафтаи сипаришуда раиси пойтахт аз Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии "Троллейбус" боздид намуда, ба масъалаи вазъи кунунии парки мошину олотҳои корхона ва истифодаи самараноки воситаҳои нақлиётии мусофирбар, бахусус троллейбусҳо   мароқ зоҳир кард.

Гуфта мешавад, таъкид гардидааст, ки фаъолияти имрӯзаи троллейбусҳо дар шаҳр чандон ҷавобгӯи талаботи мусофирон набуда, беҳбудии ҷиддиро талаб мекунад.

Дар ин зимн хотиррасон мебояд кард, ки бо дархости раҳбарияти нави шаҳрдории Душанбе Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ соли ҷорӣ ҷараёни амалисозии лоиҳаи «Манзили дастрас»-ро ғайринақшавӣ мавриди санҷиш қарор медиҳад. Ин лоиҳа бо дастгирии мақомоти шаҳрдорӣ ҳанӯз соли 2013 оғоз гардида буд.

Ба гуфтаи муовини раиси Агентии зиддифасод Абдукарим Зарифзода, санҷиши нақшавии фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории шаҳрдории Душанбе соли 2016 гузаронида шуда, санҷиши навбатӣ соли 2018 ба нақша гирифта шуда буд.

Дар лоиҳаи «Манзили дастрас» таъмини як доираи муайяни сокинони пойтахт, аз ҷумла зиёиён бо манзилҳои нисбатан арзон дар хонаҳои баландошёна, ки дар маҳаллаи «Профсоюз» сохта мешаванд, пешбинӣ мешавад. Тибқи нақша, моҳи сентябри соли 2015 манзилҳои аввал дар доираи ин лоиҳа бояд ба истифода дода мешуданд, вале сохтмони онҳо то ба ҳол ба итмом нарасидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.