Парвози ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба Тошканд баъди имзои созишнома оғоз мегардад

Парвози ҳавопаймоҳо миёни Душанбе ва Тошканд метавонад баъди имзои созишномаи дахлдори байниҳукуматӣ оғоз гардад, ки айни замон мавриди баррасии мақомоти дахлдори Тоҷикистону Ӯзбекистон қарор дорад. Муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор кард, ки барои ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни Тошканду Душанбе анҷоми расмиёти дахлдор зарур буда, айни замон ширкатҳои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Парвози ҳавопаймоҳо миёни Душанбе ва Тошканд метавонад баъди имзои созишномаи дахлдори байниҳукуматӣ оғоз гардад, ки айни замон мавриди баррасии мақомоти дахлдори Тоҷикистону Ӯзбекистон қарор дорад.

Муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор кард, ки барои ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни Тошканду Душанбе анҷоми расмиёти дахлдор зарур буда, айни замон ширкатҳои ҳавопаймоии аз ҷониби тарафҳо таъиншуда дар ин самт ба корҳои ифтитоҳи намояндагиҳои худ машғуланд.

Ганҷалзода таъкид дошт, ки аз ҷониби Тоҷикистон парвозҳо бо ин хатсайрро ширкати хусусии «Сомон Эйр» ва аз ҷониби Ӯзбекистон – ширкати миллии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» анҷом медиҳанд.

Дар робита ба имконоти ин хатсайр муовини вазир зикр кард, ки «шумори мусофиронкашонӣ тариқи ин хатсайр ба ҳаллу фасли масъалаи раводид вобаста аст, ки ба салоҳияти Вазорати мо дохил намешавад».

Қобили зикр аст, ки феълан миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон реҷаи раводид амал мекунад.

Рӯзи 28 декабри соли гузашта аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба азсаргирии парвозҳо миёни Тошканду Душанбе протокол ба имзо расид.

Чанд рӯз қабл директори генералии ширкати миллии ҳавонапаймоии Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» Валерий Тян ба ВАО-и кишвараш гуфта буд, ки ояндаи наздик парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикиситон барқарор шуда, дар ин самт созишномаи байниҳукуматӣ пурра ислоҳу коркард ва барои баимзорасӣ омода аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.