Роҳи Душанбе – Хуҷандро то ҳол тоза мекунанд

Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта бар асари барфрезии зиёд дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд хеле бисёр тарма фаромад, ки кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Вазорати нақлиёт, ВКД ва ширкати IRS то ҳол ба бартараф кардани оқибатҳои он машғуланд. Ҳаракати нақлиёт тариқи ин роҳ субҳи рӯзи 31 январ барқарор шуда, вале эҳтимоли фаромадани тармаҳо то ҳол вуҷуд […]

Asia-Plus

Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта бар асари барфрезии зиёд дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд хеле бисёр тарма фаромад, ки кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Вазорати нақлиёт, ВКД ва ширкати IRS то ҳол ба бартараф кардани оқибатҳои он машғуланд.

Ҳаракати нақлиёт тариқи ин роҳ субҳи рӯзи 31 январ барқарор шуда, вале эҳтимоли фаромадани тармаҳо то ҳол вуҷуд дорад. Бар асари ин ҳодиса нуҳ нафар, аз ҷумла як корманди милитсия Саюмарс Гулмадови 22-сола ба ҳалокат расида, боз як нафари дигар бедарак шудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст