Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Хуҷанд тибқи реҷа амалӣ мешавад

Сарфи назар аз боришоти шадиди барф ва тармафароиҳои зиёд, кормандони филиали ширкати «IRS» бо истифода аз техникаҳои пуриқтидор тавонистанд нимаи дуюми рӯзи 6 феврал  роҳи Душанбе–Чанокро аз барф тоза намуда, ҳаракати воситаҳои нақлиётро имконпазир гардонанд, вале ҳанӯз ҳам эҳтимолияти фаромадани тармаҳо зиёд аст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ширкати «IRS», аз ин пас як муддат […]

Asia-Plus

Сарфи назар аз боришоти шадиди барф ва тармафароиҳои зиёд, кормандони филиали ширкати «IRS» бо истифода аз техникаҳои пуриқтидор тавонистанд нимаи дуюми рӯзи 6 феврал  роҳи Душанбе–Чанокро аз барф тоза намуда, ҳаракати воситаҳои нақлиётро имконпазир гардонанд, вале ҳанӯз ҳам эҳтимолияти фаромадани тармаҳо зиёд аст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ширкати «IRS», аз ин пас як муддат ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар доираи реҷаи тасдиқнамудаи Вазорати нақлиёт, Вазорати корҳои дохилӣ ва филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар ҶТ, ки тибқи он ҳаракат рӯзҳои тоқи моҳ аз самти Хуҷанд ба Душанбе ва ҷуфти моҳ аз шаҳри Душанбе  ҷониби Хуҷанд муқаррар шудааст, амалӣ мегардад.

Гуфта мешавад, айни замон низ дар километрҳои 48- 73-юми роҳ зиёда аз 35 техникаи пуриқтидори филиали Ширкат баҳри бартарфсозии пайомадҳои офати табиӣ фаъолияти пурмаҳсул ва муназзам доранд.

Ҳамчунин ёдрас мешавад, ки аз лаҳзаҳои аввали рух додани офатҳои мавриди назар роҳбарияти филиали Ширкат дар масири мазкур қарор дошта, раванди бартарафсозии  пайомадҳои офат зери назорати ҷиддӣ ва доимӣ аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.