Дастури Рустами Эмомалӣ барои баргузории 150 рӯзи ободонӣ

Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе маъракаи 150 рӯзи ободонию созандагӣ ва ниҳолшинонию кабудизоркунӣ эълон шуд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, ин маърака аз 1 феврал то 27 июн, то рӯзи ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ доир мегардад. Раиси нави пойтахт Рустами Эмомалӣ маҳз ба муносибати сазовору арзанда ҷашн гирифтани Рӯзи ваҳдати миллӣ ин […]

Asia-Plus

Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе маъракаи 150 рӯзи ободонию созандагӣ ва ниҳолшинонию кабудизоркунӣ эълон шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, ин маърака аз 1 феврал то 27 июн, то рӯзи ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ доир мегардад. Раиси нави пойтахт Рустами Эмомалӣ маҳз ба муносибати сазовору арзанда ҷашн гирифтани Рӯзи ваҳдати миллӣ ин қарорро ба имзо расонидааст.

Гуфта мешавад, маъракаи мазкур таҳти унвони «Хуррамгардонии Душанбешаҳр – рисолати сокинони пойтахт!» гузаронида шуда, ба сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳо дастур дода шудааст, ки дар назди майдончаҳои бино, гулгашту боғҳо, кӯчаву хиёбонҳо, биноҳои маъмурию маишӣ корҳои ободониву кабудизоркунӣ ва маъракаи ниҳолшинониро вусъат дода, ҷиҳати амалӣ гардонидани нақшаи чорабиниҳои номбурда чораҷӯӣ намоянд.

Зикр мегардад, ки ба раисони ноҳияҳои шаҳр, КВД таҷрибавии илмию истеҳсолии “Сабзкорӣ”, роҳбарони корхонаю идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда дар ҳудуди шаҳри Душанбе супориш дода шудааст, ки дар мавзеъҳои интихобгардида бо ширкати аҳли ҷамоатчигии шаҳр, бахусус ҷавонон бо риояи талаботи агротехникӣ ва тавсияи мутахассисони соҳа маъракаи ниҳолшинониро ба роҳ монда, нигоҳубини минбаъдаи онҳоро таъмин ва раванди ниҳолшинонию кабудизоркуниро пайваста тақвият бахшанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.