Давоми 1 моҳ сомонӣ нисбати доллар 0,3% беқурб шуд

Дар зарфи 1 моҳи соли ҷорӣ қурби расмии арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ нисбати доллари ИМА ба андозаи 0,32% поин рафт. Қурби сомонии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муқарраршуда ба санаи 1 феврали соли 2017 нисбати доллари ИМА 7,9019 сомонӣ барои 1 долларро ташкил дода, дар рӯзи аввали сол қурби сомонӣ нисбати доллар ба […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар зарфи 1 моҳи соли ҷорӣ қурби расмии арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ нисбати доллари ИМА ба андозаи 0,32% поин рафт.

Қурби сомонии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муқарраршуда ба санаи 1 феврали соли 2017 нисбати доллари ИМА 7,9019 сомонӣ барои 1 долларро ташкил дода, дар рӯзи аввали сол қурби сомонӣ нисбати доллар ба 7,8762 сомонӣ баробар буд ва ҳамин тариқ, давоми 1 моҳ қурби арзи миллӣ нисбати доллар 0,0257 сомонӣ ё худ 0,32% беқурб шуд.

Дар бозор низ қурби сомонӣ нисбати доллар тақрибан ба ҳамин миқдор (0,37%) кам шуд. Аввали сол 1 доллар дар марказҳои бонкӣ бо арзиши 7,90 сомонӣ харида ва бо нархи 7,92 сомонӣ фурӯхта мешуд. Аввали моҳи феврал қурби хариди доллар – 7,93 сомонӣ ва фурӯши он – 7,95 сомониро ташкил дод.

Қобили зикр аст, ки дар буҷети давлатӣ барои соли 2017 қурби арзи миллӣ нисбати доллар дар сатҳи 9,16 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки соли 2016 қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА ба миқдори 10,8% поин рафта, танҳо дар моҳи январи соли гузашта қурби сомонӣ нисбати доллар ба андозаи 10,3% коҳиш ёфта буд.

Дар БМТ бар ин назаранд, ки соли гузашта қурби мубодилавии сомонӣ дар доираи реҷаи низоми шинокунандаи танзимшаванда, таҳти таъсири омилҳои мутавозуни талабот ва пешниҳод қарор дошт.

«Вазъи босуботи бозори дохилии асъор ва тағйирёбии муътадили қурби пули миллӣ нисбати доллари нақди ИМА дар соли 2016 дар натиҷаи татбиқи тадбирҳои босамар, назорати қатъӣ ва маҷмӯи чораҳои самараноки сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ таъмин карда шуд, – таъктд мекунанд дар БМТ. – Тадбирҳои андешидашуда дар натиҷа боиси ба маротиб коҳиш ёфтани гардиши асъори нақди хориҷӣ дар муомилот, паст шудани сатҳи долларикунонии бозори нақдӣ ва ба муътадилии қурби сомонӣ сабаб гардида, барои дигаргун шудани сохтори муомилоти пулӣ дар иқтисодиёт, истифодаи васеи пули миллӣ ҳамчун воситаи қонунии пардохт ва муҳимтар аз ин воситаи андӯхти аҳолӣ таъсири мусбат расонд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.