Дастури муовини нахуствазир оид ба коҳиши талафоти нерӯи барқ

Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим аз энергетикҳои кишвар тақозо намуд, ки тарзи кор дар мавриди хизматгузорӣ ба аҳолиро тағйир дода, ба коҳиши ҳаҷми талафоти нерӯи барқ муваффақ гарданд. Зимни машварати корӣ дар идораи марказии шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ӯ изҳор намуд, ки дар мавсими зимистон ба ҳисоби миёна 25%-и барқи дар кишвар истеҳсолшуда дар шаҳри […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим аз энергетикҳои кишвар тақозо намуд, ки тарзи кор дар мавриди хизматгузорӣ ба аҳолиро тағйир дода, ба коҳиши ҳаҷми талафоти нерӯи барқ муваффақ гарданд.

Зимни машварати корӣ дар идораи марказии шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ӯ изҳор намуд, ки дар мавсими зимистон ба ҳисоби миёна 25%-и барқи дар кишвар истеҳсолшуда дар шаҳри Душанбе истифода мешавад.

«Садамаҳои сершумор дар хатҳои интиқоли барқ ва арзу шикоятҳои зиёди сокинони пойтахт гувоҳи онанд, ки кормандони шабакаҳои барқи шаҳр ба мавсими зимистон ҳамаҷониба омодагӣ намегиранд», – гуфт муовини нахуствазир.

Ӯ ҳамчунин аз талафоти зиёди техникӣ дар шабакаҳои барқи шаҳр сухан гуфта, зикр кард, ки ин талафот асосан дар натиҷаи истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ба вуҷуд меояд. Азим Иброҳим ба раҳбарияти идораи шабакаҳои барқи Душанбе дастур дод, ки дар фурсати кӯтоҳ ҳаҷми талафот дар шабакаҳоро то 13 фоиз поин бубаранд.

Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», соли гузашта аз миқдори умумии нерӯи барқи истеҳсолшуда дар кишвар ҳаҷми талафоти техникӣ дар шабакаҳои барқ ҳудуди 17 фоизро ташкил додааст.

Муовини нахуствазир  ҳамчунин ҷиҳати саривақт ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ аз аҳолӣ дастур супоришҳои мушаххас дод. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.