ВАО: Парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Тошканд бо айби «Сомон Эйр» ба таъхир афтод

Хабаргузории ӯзбекистонии Kun.uz маълумотеро интишор намуд, ки дар он гуфта мешавад, парвози ҳавопаймои аввал бо хатсайри Душанбе – Тошканд бо айби ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба таъхир афтодааст, ки саривақт ҳуҷҷатҳоро ба мақомоти авиатсионии Ӯзбекистон пешниҳод накардааст. – Парвози ҳавопаймои нахуст тавассути хатсайри Душанбе – Тошканд – Душанбе, ки бояд санаи 20 феврал аз […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Хабаргузории ӯзбекистонии Kun.uz маълумотеро интишор намуд, ки дар он гуфта мешавад, парвози ҳавопаймои аввал бо хатсайри Душанбе – Тошканд бо айби ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба таъхир афтодааст, ки саривақт ҳуҷҷатҳоро ба мақомоти авиатсионии Ӯзбекистон пешниҳод накардааст.

– Парвози ҳавопаймои нахуст тавассути хатсайри Душанбе – Тошканд – Душанбе, ки бояд санаи 20 феврал аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» анҷом дода мешуд, бо айби ҷониби Тоҷикистон ба таъхир гузошта шуд, – иттилоъ дод хабаргузории Kun.uz бо истинод ба намояндаи мақомоти авиатсионии Ӯзбекистон.

Дар маълумот қайд мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон саривақт расмиёти маъмурии дахлдорро ба иҷро нарасонида, дар муҳлати муқарраршуда ҳуҷҷатҳои расмиро ба Тошканд ирсол накардааст. Дар хабар доир ба талаб шудани маҳз кадом ҳуҷҷатҳо маълумот дода намешавад.

Ҳамчунин мақомоти авиатсионии Ӯзбекистон маълумоти чанде қабл интишоршуда дар ВАО доир ба хоҳиш надоштан ва омода набудани Тошканд ба қабули ҳавопаймо аз Душанберо рад кардаанд.

Тибқи маълумоти хабаргузории ӯзбекистонӣ, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аллакай барои паҳн кардани маълумоти носаҳеҳ аз Тошканд маъзарат хостааст.

Гуфта мешавад, ояндаи наздик ширкати миллии ҳавопаймоии ӯзбекистонии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари», ки баробар бо ширкати тоҷикистонӣ парвозҳо ба Душанберо анҷом медиҳад, оид ба ин масъала маълумоти расмӣ интишор хоҳад кард.

Дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» алҳол ин маълумоти интишоршуда дар ВАО-и Ӯзбекистонро шарҳу тавзеҳ намедиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки бо ҳавопаймои аввал тариқи хатсайри Душанбе – Тошканд бояд 26 нафар мусофирон ба пойтахти Ӯзбекистон парвоз мекарданд. Барои ба таъхир афтодани ин парвоз аз ҳама мусофирон маъзарат хоста шуда, маблағҳои харҷшудаи мусофирон бозпас баргардонида шуданд.

Дар худи ширкати ҳавопаймоӣ чанде қабл ба масъала каме рӯшанӣ андохта, зикр карданд, ки «Сомон Эйр» дар ҳамдастӣ бо ҳамтоҳояшон аз «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» масоили техникии роҳандозии парвози ҳавопаймоҳо тариқи ин хатсайрро баррасӣ доранд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.