Президенти Русия Сироҷиддин Асловро бо Ордени Дӯстӣ сарфароз гардонид

Бо фармони президенти Русия Владимир Путин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Ордени Дӯстӣ сарфароз гардонида шуд. Дар фармони президени Русия, ки дар сомонаи pravo.gov.ru интишор шудааст, гуфта мешавад, Сироҷиддин Аслов «барои саҳми беандоза ба рушди муноситаҳои Русия ва Тоҷикистон, таҳкими дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳусни тафоҳум миёни халқҳо» бо ин мукофот қадрдонӣ шудааст. Ёдрас […]

Asia-Plus

Бо фармони президенти Русия Владимир Путин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Ордени Дӯстӣ сарфароз гардонида шуд.

Дар фармони президени Русия, ки дар сомонаи pravo.gov.ru интишор шудааст, гуфта мешавад, Сироҷиддин Аслов «барои саҳми беандоза ба рушди муноситаҳои Русия ва Тоҷикистон, таҳкими дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳусни тафоҳум миёни халқҳо» бо ин мукофот қадрдонӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи оянда сафари президенти Русия ба Тоҷикистон дар назар аст. Доир ба сафари президенти Русия ба Душанбе муовини аввали нахуствазир ин кишвар Игор Шувалов зимни ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Русия моҳи январ хабар дода буд.

Бино ба маълумоти мақомоти расмии Русия, Владимир Путин шоми 27 феврал ба Душанбе ташриф оварда, ҳамаи дидору гуфтушунидҳои расмии ӯ рӯзи 28 феврал ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки чор моҳ пеш бо фамони президенти Русия раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев низ бо Ордени Дӯстӣ қадрдонӣ гардида буд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро Сироҷиддин Аслов аз 29 ноябри соли 2013 роҳбарӣ мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст