Баррасии ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба масъалаи об дар пойтахти ИМА

Дар Бонки Ҷаҳонӣ дар Вашингтон бахшида ба қабули Қатъномаи МУ СММ Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018-2028) бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ШМА ва дар ҳамкорӣ бо Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ брифинг баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чорабинӣ Сафири Тоҷикистон дар ШМА Фарҳод Салим, Директори иҷроияи Гуруҳи Бонки […]

Asia-Plus

Дар Бонки Ҷаҳонӣ дар Вашингтон бахшида ба қабули Қатъномаи МУ СММ Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018-2028) бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ШМА ва дар ҳамкорӣ бо Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ брифинг баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чорабинӣ Сафири Тоҷикистон дар ШМА Фарҳод Салим, Директори иҷроияи Гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Вернер Грубер, Сардори Дафтари Гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти об Рагини Далал суханронӣ намуда, оид ба нақши Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018-2028) дар таъмини рушди устувор маълумот доданд.

Гуфта мешавад, зимни баромади худ Сафир оид ба ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар масъалаҳои об зикр кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.