Ҳимоятгари дастаи футболи «Оренбург»-и Русия ва мунтахаби футболи Тоҷикистон Фарҳод Восиев тариқи иҷора дар тими «Истиқлол»-и Душанбе бозӣ мекунад.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии тими «Истиқлол», дастаҳои «Оренбург» ва «Истиқлол» дар бораи то мавсими тобистони соли равон дар «Истиқлол» бозӣ кардани Фарҳод Восиев созишнома ба имзо расонидаанд.
Фарҳод Восиев, ҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон қаблан дар дастаҳои «Сатурн», «Криля Советов», «Жемчужина-Сочи», «Шинник», «Волгар» ва «Оренбург»-и Русия бозӣ карда, санаи 4 март ба ихтиёри дастаи «Истиқлол» ҳозир мешавад.
Дар назар аст, ки Фарҳод Восиев дар ҳайати «Истиқлол» дар бозии даври аввали мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат бо тими «Барқчӣ» санаи 8 март бозӣ хоҳад кард.




