Ба кормандони бонкҳо методҳои арзёбии амволи манқул омӯзонида мешавад

Дар Тоҷикистон имкони тавсеъаи дастрасии бахши хусусӣ ба қарзҳои бонкӣ тавассути гарави амволи манқул баррасӣ мешавад. Дар чорабинӣ бахшида ба роҳандозии барномаи тренингҳои омӯзишӣ оид ба арзёбии дороиҳои манқул муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев изҳор намуд, ки барномаи мазкур ба тавсеъаи дастрасӣ ба маблағгузории соҳибкорони хусусӣ ва тиҷорати хурду миёна нигаронида шуда, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон имкони тавсеъаи дастрасии бахши хусусӣ ба қарзҳои бонкӣ тавассути гарави амволи манқул баррасӣ мешавад.

Дар чорабинӣ бахшида ба роҳандозии барномаи тренингҳои омӯзишӣ оид ба арзёбии дороиҳои манқул муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев изҳор намуд, ки барномаи мазкур ба тавсеъаи дастрасӣ ба маблағгузории соҳибкорони хусусӣ ва тиҷорати хурду миёна нигаронида шуда, аз ҷониби IFC, ки ба Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ шомил аст, бо дастгирии ҳукумати Швейтсария амалӣ мешавад.

Нуралиев бар ин назар аст, ки гуногунсоҳа кардани таъмини гарав аз рӯи қарзҳо барои корхонаҳои хурду миёна воситаҳои назарраси молиявиро таъмин сохта, нахустин дар ҷумҳурӣ ва қисмате аз ислоҳоти асосӣ дар низоми муомилоти таъминшуда ё қарздиҳӣ мебошад.

«Корхонаҳои хурд асоси иқтисоди Тоҷикистонро ташкил дода, вале барои рушди минбаъда онҳо бисёр вақт барои дастрасӣ ба маблағгузорӣ талош меварзанд, – мегӯяд мутахассиси Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Ролф Берндт. – Тавсеъаи заминаи сармояи аз ҷониби бонкҳо қабулшуда ба ин корхонаҳо дар таъмини қарзҳои ҳаётан муҳим ва дигар шаклҳои қарз кумак карда, ба рушди онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.