Мунира Раҳимова роҳбари Идораи телевизиону радиои Суғд таъин шуд

Дар Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд маросими муаррифии роҳбари нави идора Мунира Раҳимова доир гардид. Бо фармони раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон Аюбҷон Саъдуллозода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод гардида, ба ҷои ӯ Мунира Раҳимова сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд таъин гардид. Бино ба иттилои […]

Asia-Plus

Дар Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд маросими муаррифии роҳбари нави идора Мунира Раҳимова доир гардид.

Бо фармони раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон Аюбҷон Саъдуллозода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод гардида, ба ҷои ӯ Мунира Раҳимова сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд таъин гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, муовини якуми раиси вилоят Рустам Раҳматзода зимни сӯҳбат аз номи раиси вилоят ба Аюбҷон Саъдуллозода барои хизматҳояш изҳори сипос намуда, ба роҳбарияти нав барору комёбиҳо таманно намуд.

Таъкид мешавад, ки Аюбҷон Саъдуллозода аз соли 2010 инҷониб роҳбарии Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғдро бар ӯҳда дошт ва тӯли ин солҳо фарогирии мавҷи телевизион дар чанд навоҳии вилоят беҳтар гардид. Дар замони роҳбарии А. Саъдуллозода соати пахши барномаҳои телевизион ба 18 соат расонида шуд.

Гуфта мешавад, Мунира Раҳимова, сардори нави Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд низ аз кадрҳои соҳибтаҷриба буда, тӯли солҳои зиёд дар Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумат фаъолият кардааст. То таъиноти мазкур ба ҳайси муовини директори Акадамияи ВАО-и Тоҷикистон фаъолият дошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.