Пешбарии номзади навбатии ҲХДТ ба ҷойи вакили хориҷшуда

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) судяи суди вилояти Суғд Мавлудахон Мирзозодаро аз ҳавзаи интихоботии №14-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ кард. Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Мавлудахон Мирзозода ба ҷойи Мавлуда Қаландарзода, ки моҳи феврали […]

Аваз Юлдашев, Asia-Plus

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) судяи суди вилояти Суғд Мавлудахон Мирзозодаро аз ҳавзаи интихоботии №14-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ кард.

Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Мавлудахон Мирзозода ба ҷойи Мавлуда Қаландарзода, ки моҳи феврали соли равон раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон таъин шуд, ба курсии вакилӣ дар парлумон довталабӣ мекунад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон маъракаи интихобот ба ҷойи вакили хориҷшуда аз ин ҳавзаро санаи 23 апрел таъин карда, то ҳол ба ҷуз ҲХДТ, дигар ҳеҷ кадоме аз аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ аз ҳавзаи мазкур номзад пешбарӣ накардаанд.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории интихоботи Тоҷикистон, пешбарии номзадҳо як моҳ пештар аз интихобот, яъне 23 март ба охир мерасад.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат