Маршрутҳои нави нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе

Мақомоти шаҳрдории пойтахт дар шаҳри Душанбе ду хатсайр (маршрут)-и нав ҷорӣ карда, дар баъзе хатсайрҳои пешина тағйирот ворид карда шуд. Хатсайрҳои нав микроавтобуси №42 ва троллейбуси №8 мебошанд. Микроавтобуси №42 аз маҳаллаи Чортут то Дарвозаҳои ҷанубӣ (роҳи Душанбе – Қӯрғонтеппа) ҳаракат карда, троллейбуси №8 муддати беш аз 10 сол равуо намекард ва акнун онро дубора […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Мақомоти шаҳрдории пойтахт дар шаҳри Душанбе ду хатсайр (маршрут)-и нав ҷорӣ карда, дар баъзе хатсайрҳои пешина тағйирот ворид карда шуд.

Хатсайрҳои нав микроавтобуси №42 ва троллейбуси №8 мебошанд. Микроавтобуси №42 аз маҳаллаи Чортут то Дарвозаҳои ҷанубӣ (роҳи Душанбе – Қӯрғонтеппа) ҳаракат карда, троллейбуси №8 муддати беш аз 10 сол равуо намекард ва акнун онро дубора ҷорӣ карда, лекин он танҳо аз Қарияи Боло то вокзали роҳи оҳан ҳаракат мекунад.

«Мусофирбарҳои «Старек»-и ғайриқонунӣ фаъолиятдоштаро аз роҳҳои пойтахт гирифтем, – мегӯяд директори МД «Душанбенақлиётхизматрасон» Фирӯз Саидов. – Имрӯз беш аз 3 ҳазору 616 микроавтобус (2 ҳазору 973-тоашон тибқи шартнома) ба мусофирон дар Душанбе хизмат расонида, 643 мусофиркаши боқимонда ба корхонаҳои коммуналии «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3» ва «Троллейбус» тааллуқ доранд».

Номбурда қайд кард, ки ояндаи наздик бо супориши раиси пойтахт ба шаҳри Душанбе автобусҳои истеҳсоли Беларус оварда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, ба ҷуз ҷорӣ кардани хатсайрҳои нав, самти ҳаракати баъзе автобус ва маршруткаҳо иваз шудааст. Нигаред ба самти ҳаракати маршруткаҳо:

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио