Боздошти мудири шуъбаи ташхиси шаҳри Турсунзода барои гувоҳии бардурӯғ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар робита ба ҳодисаи куштори духтари 17-сола дар шаҳри Турсунзода марди 62-солаи сокини ҳамин шаҳр, мудири шуъбаи ташхиси судӣ-тиббии шаҳри Турсунзода боздошт шудааст. Ӯ ба додани гувоҳии бардурӯғ дар ин ҳодиса гумонбар дониста мешавад. Аввали моҳи феврал ду ҷавон дар шаҳри Турсунзода духтари 17-соларо куштанд. Нахуст мақомоти милитсия […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар робита ба ҳодисаи куштори духтари 17-сола дар шаҳри Турсунзода марди 62-солаи сокини ҳамин шаҳр, мудири шуъбаи ташхиси судӣ-тиббии шаҳри Турсунзода боздошт шудааст. Ӯ ба додани гувоҳии бардурӯғ дар ин ҳодиса гумонбар дониста мешавад.

Аввали моҳи феврал ду ҷавон дар шаҳри Турсунзода духтари 17-соларо куштанд. Нахуст мақомоти милитсия иттилоъ дода буданд, ки духтар бо роҳи оташзанӣ даст ба худкушӣ задааст, ҳарчанд дар ҷисми осори зиёди зарбҳои корд аён буд.

Дар маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфта мешавад, гумонбаршуда ҳангоми гузаронидани ташхиси судӣ-тиббии ҷасади духтари 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сешанбе, дидаву дониста, ки ӯ аз захмҳои халандаю буранда ба қатл расонида шудааст, хулосаи бардурӯғи ташхиси суддӣ-тиббӣ додааст, ки гӯё духтари ноболиғ даст ба худкушӣ зада, худро бо роҳи оташзанӣ ба ҳалокат расонидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, корҳои тафтишотӣ давом доранд.

Қобили зикр аст, ки оид ба куштори шаҳрванди ноболиғ, сокини шаҳри Турсунзода И.Н. дар рӯзи 02.02.с.2017 ВКД ҶТ иттилоъ дода буд, ки дар баъзе аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабари нодуруст паҳн гашт, ки гӯё ШВКД дар шаҳри Турсунзода ҷинояти мазкурро пинҳон карда, ҳамчун ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта бошад.

Дар маълумот зикр гардида буд, ки аз рӯзи аввали содиршавии ин ҳодиса кормандони ШВКД дар шаҳри Турсунзода онро пайгирӣ намуда, бевосита дар якҷоягӣ бо мақомоти Прокуратура дар кушодани ин ҷиноят иштирок намудаанд.

«Кормандони милитсия санҷишро баъди бақайдгирии ҳодиса боз надошта, аз рӯи фарзияҳо корро давом дода, чанд нафар шахсонеро, ки бо марҳум алоқамандӣ доштанд, мавриди коркарди оперативӣ қарор дода, бо бурдани корҳои оперативӣ рӯзи 09.02.с.2017 гумонбарони ин ҷинояти мудҳишро ошкор намуда, ба мақомоти прокуратура пешниҳод карданд», – қайд шуда буд дар маълумот.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио