Президент ноиби якуми президенти БАТР-ро ба ҳузур пазируфт

Date:

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ноиби якуми президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Филипп Беннетт ва роҳбари нави намояндагии ин бонк дар Тоҷикистон Айтен Рустамоваро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот масъалаҳо оид ба самтҳои ҳамкории дуҷониба ва дурнамои фаъолияти БАТР баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дастгирии лоиҳаҳои бахши энергетика ва тақвияти нерӯи истеҳсолию содиротиро аз ҳадафҳои муҳими рафъи таъсири омилҳои манфии беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва муътадилгардонии вазъи макроиқтисодӣ, маънидод карданд.

Аз сатҳи ҳамкорӣ бо бонк, дар самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории беҳтар гардонидани инфрасохтори шаҳрҳо, рушди бахши хусусӣ ва дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ ибрози қаноатмандӣ карда шуд.

То имрӯз дар Тоҷикистон аз ҷониби БАТР 100 лоиҳаи сармоягузорӣ дар ҳаҷми 750 миллион доллар маблағгузорӣ шудааст. Айни ҳол бошад, ҳамкорӣ дар самти татбиқи 65 лоиҳа бо маблағи умумии 420 миллион доллар идома дорад.

Таъкид гардид, ки Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2030 ба хотири фароҳам овардани замина ҷиҳати рушди минбаъдаи кишвар ва таъмин намудани афзалиятҳои миллӣ қабул гардидааст ва имкониятҳои зиёд намудани ҳаҷми маблағгузориҳои лоиҳаҳои бахшҳои энергетика, нақлиёт, соҳибкорӣ ва молиявӣ дар ин стратегия аз ҷониби БАТР ба назар гирифта шудааст.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин дастгирии бахши хусусӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, таҷдиди корхонаҳои саноатӣ баррасӣ шуда, дастгирии молиявии БАТР дар амалигардонии стратегияи саноатикунонии Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...