Муҷассама дар Хуҷанд ба ифтихори қаҳрамонони филми «Ман бо духтаре вохӯрдам»

Дар боғи ба номи Камоли Хуҷандии маркази маъмурии вилояти Суғд ба ифтихори қаҳрамонони филми маъруфи «Тоҷикфилм» – «Ман бо духтаре вохӯрдам» муҷассама қомат афрохт. Филми ҳунарии «Ман бо духтаре вохӯрдам» (Я встретил девушку) — филми коргардон Рафаил Перелштейн буда, соли 1957 ба навор гирифта шудааст. Ин филм нахустин навори рангаи филми бадеи-мазҳакавии истеҳсоли Тоҷикфилм буд. […]

Asia-Plus

Дар боғи ба номи Камоли Хуҷандии маркази маъмурии вилояти Суғд ба ифтихори қаҳрамонони филми маъруфи «Тоҷикфилм» – «Ман бо духтаре вохӯрдам» муҷассама қомат афрохт.

Филми ҳунарии «Ман бо духтаре вохӯрдам» (Я встретил девушку) — филми коргардон Рафаил Перелштейн буда, соли 1957 ба навор гирифта шудааст. Ин филм нахустин навори рангаи филми бадеи-мазҳакавии истеҳсоли Тоҷикфилм буд.

Махсусан суруди «Я встретил девушку» (ба забони русӣ), дар иҷрои Рашид Бейбутов (таҳияи композитор Андрей Бабаев ба шеъри Мирзо Турсунзода матни русӣ аз Гаролд Регистан) зуд шоистаи таҳсину сароидани мардум дар гушаву канори Иттиҳоди Шӯравӣ гардид.

Қаҳрамонҳои асосии филм – Лола ва Саид ба якдигар дил бастанд ва дар сурудҳояшон изҳори муҳаббат мекарданд. Падари Лола Мухтор-ака зидди иштироки духтараш дар озмуни сурдхонии шаҳрӣ баромад. Вале, ба Лола ҳамаи наздиконаш ва коргари оддӣ, Саиди ошиқшуда кумак мерасонанд, то ки ӯ дар озмун иштирок варзад.

Соли 1958 дар нахустин Кинофестивали байналмилалии мамлакатҳои Осиё ва Африқо ин филм ба ҷоизаи «Кӯзаи Бузург» сазовор дониста шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст