Пардохти қисмате аз амонатҳои «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк»

Ҷараёни барӯйхатгирӣ ва дубора нархгузории амволи бонкҳои мавриди барҳамдиҳӣ қарордоштаи  «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» идома дорад. Масъулон ба оромӣ даъват карда, изҳор медоранд, ки барои ҳисоббаробарӣ бо ҳамаи муштариён дороиҳои бонкҳо кофӣ аст. Саҳҳомони «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» амонатҳои худро бидуни маҳдудият гирифта метавонанд, вале маблағи амонат на бештар аз 17,5 ҳазор сомонӣ пардохт мешавад. Хизматгузорӣ дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҷараёни барӯйхатгирӣ ва дубора нархгузории амволи бонкҳои мавриди барҳамдиҳӣ қарордоштаи  «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» идома дорад. Масъулон ба оромӣ даъват карда, изҳор медоранд, ки барои ҳисоббаробарӣ бо ҳамаи муштариён дороиҳои бонкҳо кофӣ аст.

Саҳҳомони «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» амонатҳои худро бидуни маҳдудият гирифта метавонанд, вале маблағи амонат на бештар аз 17,5 ҳазор сомонӣ пардохт мешавад.

Хизматгузорӣ дар ин самт барои саҳмгузорони «Тоҷпромбонк» дар филиалҳои БДА «Амонатбонк» ва барои муштариёни «Фононбонк» дар филиалҳои ҶСК «Ориёнбонк» анҷом дода мешавад.

Маъмурони бонкҳо мегӯянд, ҷараёни пардохти ҷуброни амонатҳо аз Хазина (Фонд)-и суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар арафи анҷомёбист.

Фонди мазкур бо мақсади ҳифзи саҳмҳои аҳолӣ аз хатари муфлисшавии ташкилотҳои қарзӣ таъсис дода шудааст. Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолати пардохти суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ Фонд ба ҷуброни амонатҳои суғурташудаи аҳолӣ уҳдадор аст. Суғуртаи амонатҳои аҳолӣ аз ҷониби худи ташкилотҳои қарзӣ сурат гирифта, саҳҳомон ҳеҷ хароҷоте намекунанд, чунки ҳамаи хароҷот барои суғуртаи амонатҳо ба дӯши ташкилотҳои қарзӣ вогузор шудааст.

Дар натиҷаи амалисозии пардохтҳои суғуртавӣ дар ҳаҷми то 17,5 ҳазор сомонӣ «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» амонатҳои қисмати асосии муштариёнашонро пардохт намуданд ва акнун аз ҳисоби фурӯши дороиҳо ва амволи бонкҳо, пардохти амонатҳои маблағашон зиёда аз 17,5 ҳазор сомонӣ дар назар аст.

Маъмури махсуси аз ҷониби суд ба «Тоҷпромбонк» таъиншуда Тақдир Шарифов ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки айни замон барӯйхатгирии амволи бонк дар саросари кишвар ҷараён дорад ва сипас дороиҳои бонк тариқи музоядаҳо ба фурӯш гузошта шуда, маблағи бадастомада ба иҷрои уҳдадориҳо назди муштариён равона мегардад ва пеш аз ҳама, пардохти қарзҳо ба шахсони воқеӣ пешбинӣ шудааст.

Шарифов зикр кард, ки дар ҷараёни барӯйхатгирӣ ҳаҷми амвол ва уҳдадориҳои бонк муайян шуда, тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, маблағи пардохт аз Фонди суғурта барои ҳсиоббарбарӣ бо 80%-и саҳмгузорон имкон медиҳад.

«Ҳарчанд ҷараёни барҳамдиҳӣ мувофиқи қонунгузорӣ метавонад муддати ду моҳ идома ёбад, лекин мо ният дорем, ки ҳамаи қарзҳои бонк ба муштариёнро то охири ҳамин сол пардохт намоем», – афзуд Шарифов.

Дар «Фононбонк», ки нисбат ба «Тоҷпромбонк» бонки хурдтар аст, ҷараёни барҳамдиҳӣ бо ҳамин минвол идома дошта, маъмури махсуси «Фононбонк» Гавҳаралӣ Ёров зикр кард, ки баъди пардохтҳо тибқи амонатҳои суғурташуда маблағи амонатҳои ҳудуди 60%-и мизоҷони бонк ҳисоббаробарӣ шудааст.

«Наздики 400 саҳҳомони нисбатан бузургтар боқӣ мондаанд, ки пас аз фурӯши амволи бонк, маблағҳои онҳо баргардонида мешаванд», – гуфт ӯ. – Чун «Фононбонк» бонки нисбатан хурдтар аст, аз ин рӯ, ҷараёни баргардонидани воситаҳои муштариён на беш аз 6 моҳро дар бар гирифта метавонад».

Ёдрас мекунем, ки бо қарори Раёсати БМТ аз 24 феврал иҷозатномаҳои анҷоми фаъолияти бонкии «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» бозхонда шуда, худи ҳамин рӯз аз суд бо ариза дар бораи маҷбуран барҳамдиҳии ин бонкҳо муроҷиат шуд.

Ҳукумат эълон карда буд, ки ба «Тоҷпромбонк» дар ҳаҷми 450 млн. сомонӣ ва «Фононбонк» – 70 млн. сомонӣ коғазҳои қиматнок медиҳад. Пешбинӣ шуда буд, ки дар сурати зарурат бонкҳо ин коғазҳои қиматнокро ба Бонки миллӣ фурӯхта метавонанд.

Аммо баъдтар маълум шуд, ки бонкҳо ин коғазҳои қиматнокро нагирифтаанд. Ҳукумат дар навбати аввал бонкҳои нисбатан бузургтари дучори мушкилот – «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк»-ро бо коғазҳои қиматнок таъмин кардааст.

Тибқи рӯйхати амволи ғайриманқул ва дигар дороиҳои бонкҳои дучори мушкилоти Тоҷикистон, дар номгӯи дороиҳои «Тоҷпромбонк» 117 иншоот, аз қабили бинои Сарбонк, 22 бинои филиалҳо ва марказҳои хизматгузории бонкӣ зикр шудааст. Ин бонк ҳамчунин дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дорои манзилҳои сершумор ва дигар иншоот аст.

Ба рӯйхати дороиҳои «Фононбонк» 37 иншоот – бинои Сарбонк, чор бинои филиалҳои бонк, хонаҳову ҳавлӣ, дигар манзилҳои зист ва ғайра дохил шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.