ВАО: Абдурашид Дӯстум дар ҳабси хонагӣ қарор дорад

Рӯло Ғанӣ, ҳамсари раисҷумҳури Афғонистон ба рӯзномаи “Times”-и Лондон гуфтааст, генерал Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раисҷумҳури ин кишвар дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Бино ба маълумоти хабаргузории «Озодагон» бо такя ба пойгоҳи иттилоотии “Ово”, хонум Ғанӣ ба “Times” гуфтааст, “қонун дар мавриди муовини аввали раисҷумҳур иҷро шуда, ҳанӯз дар хонааш аст, вале ба навъе дар […]

Хабаргузории «Озодагон»

Рӯло Ғанӣ, ҳамсари раисҷумҳури Афғонистон ба рӯзномаи “Times”-и Лондон гуфтааст, генерал Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раисҷумҳури ин кишвар дар ҳабси хонагӣ қарор дорад.

Бино ба маълумоти хабаргузории «Озодагон» бо такя ба пойгоҳи иттилоотии “Ово”, хонум Ғанӣ ба “Times” гуфтааст, “қонун дар мавриди муовини аввали раисҷумҳур иҷро шуда, ҳанӯз дар хонааш аст, вале ба навъе дар зиндони хонагӣ қарор дорад ва дар амал кори расмии давлатӣ анҷом намедиҳад”.

Изҳори назари бонуи аввали Афғонистон дар мавриди Дӯстум дар ҳолест, ки худи Дӯстум шаби якшанбе дар як пайёми видеоӣ ба ҳаводоронаш гуфтааст, намехоҳад онҳоро дар мавриди бархе ҳарфҳо нигарон бисозад. Ӯ афзуда, “аз рӯзе ки вориди арсаи сиёсат шудам, ҳамеша алайҳи ман тавтеа будааст”.

Дар ин паём Дӯстум ба қарор доштани аз 20 то 30 тонк дар атрофи хонааш дар Кобул ишора мекунад. Вай ҳамчунин мегӯяд, “ман ҳар вақт ки ҳаққи худ ё адолат бихоҳам, чунин чизҳо иттифоқ меафтад”, аммо таъкид мекунад, ки “аз роҳи қонунӣ ва бисёр ба нармӣ” пеш меравад.

Бархе расонаҳои Афғонистон ба нақл аз манобеи наздик ба Дӯстум гузориш додаанд, ки фишорҳо бар ӯ рӯз ба рӯз бештар мешавад, то истеъфо бидиҳад ва ба Туркия биравад, аммо вай ин пешниҳодҳоро рад кардааст.

Қазияи Дӯстум баъд аз он дубора вориди ҷомеаи Афғонистон шуд, ки аз сӯйи Аҳмад Эшчӣ аз мухолифони сиёсиаш, муттаҳам ба бадрафтори ҷинсӣ ва одамрабоӣ шуд. Ин масъала ҷанҷолҳо ва мушкилоти бисёреро барои Дӯстум ба бор оварда, ӯро мунзавӣ кардааст. Ҳоло парвандаи иддаоҳои Эшчӣ дар мавриди Дӯстум таҳт баррасӣ қарор дорад.

Расонаӣ шудани боздошти хонагии Дӯстум дар ҳолест, ки чанд рӯз пештар шабакаи “Тулӯънюз” аз муҳосира шудани хонаи Дӯстум аз ҷониби неруҳои амниятии Афғонистон хабар дода буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.