Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар Хонави адибон ба муносибати ҷашни Наврӯз ва Соли ҷавонон шоми эҷодии нависандагони ҷавон доир мегардад. Оғоз соати 16-00; – Марҳилаи ниҳояии тамринҳои низомии зиддитеррористии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва Русия баргузор мешавад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Хонави адибон ба муносибати ҷашни Наврӯз ва Соли ҷавонон шоми эҷодии нависандагони ҷавон доир мегардад. Оғоз соати 16-00;

– Марҳилаи ниҳояии тамринҳои низомии зиддитеррористии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва Русия баргузор мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.1931 сомонӣ;

1 евро – 8.8076 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1439 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2007 — Роҳбари Федератсияи футболи байнулмилалӣ (FIFA) Йозеф Блаттер ва президенти Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) Муҳаммад Бин Хаммам дар Данғара ва Норак ду майдони муосир барои футболи хурдро ифтитоҳ намуданд.

2012 — Дар гуфтугӯи телефонӣ миёни сарони кишварҳои Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон президенти Русия ваъад дод, ки ба Тоҷикистон таъҷилан кумаки гуманитарӣ мерасонад.

1945 – Зодрӯзи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Аҳмадшо Улфатшоев.

1945 – Мавлуди шоир Усмон Шарифзода.

1948 – Зодрӯзи вакил, собиқ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов.

1964 – Мавлуди вакили парлумони Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ.

1970 – Зодрӯзи Давлаталӣ Саидов, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +12+17; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +4+9.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ, жола.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +14+19; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +10+15.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +1+6, рӯзона +6+11; дар шарқ шабона -1-6, рӯзона +4+9.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ, жола.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +13+18; дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +5+10. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +14+16.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +13+15.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +16+18.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +6+8.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.