Манъи хатсайрҳои «Сомон Эйр» аз Хуҷанд ба Маскав

Date:

То имрӯз ширкати хусусии ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» дар як ҳафта аз шаҳри Душанбе 7 маротиба ва аз шаҳри Хуҷанд 3 маротиба ба шаҳри Маскав парвозҳо анҷом медод.

Акнун дар робита ба маҳдудиятҳои ҷоришуда аз ҷониби Вазорати нақлиёти Русия, парвоз аз шаҳри Хуҷанд пурра қатъ гардида, ҳамчунин имрӯз парвози ҳавопаймо аз шаҳри Душанбе ба Маскав бекор карда шуд.

Тавре аз дафтари матбуоти ширкати «Сомон Эйр» хабар доданд, рӯзи 31 март аз Вазорати нақлиёти Русия дар бораи аз 3 апрел ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо ба парвоз ба шаҳри Маскав телефонограмма расидааст.

«Ҳамин тариқ, мувофиқи огоҳинома ба ширкати «Сомон Эйр», парвозҳо аз Душанбе ба шаҳри Маскав рӯзҳои душанбе, чоршанбе, ҷумъа ва якшанбе ва ҳамаи парвозҳо ба пойтахти Русия аз шаҳри Хуҷанд манъ шудааст, – гуфтанд дар ширкат. – Айни замон ширкат ҳамаи парвозҳои ба ин рӯзҳо ва маҳдудият ростомадаро бекор намуда, бо таассуф изҳор медорад, ки бинобар сабаби аз ҷониби Русия дер огаҳӣ расидан, мусофиронро нороҳат кардааст».

Зикр гардид, ки ба ҳамаи мусофирон пули билеташонро дар ҷойи онро харидорикарда бармегардонанд ва ширкат ҷиҳати ҳарчи зудтар рӯшанӣ андохтан ба ин масъала дар ҳамдастӣ бо Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ тадбирҳо меандешад. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...