Дар Петербург корфармо муҳоҷири тоҷикро парронд

Дар ноҳияи Приозерски вилояти Ленинград ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистон дарёфт шудааст. Бино ба иттилои хабаргузории Озодагон бо такя ба торнамои 47news, ҷасад аз дохили як селофани полиэтиленӣ аз наздикии рустои Варшко дарёфт шудааст. Ба иттилои манбаъ, ташхис нишон додаааст, ки ин шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон аз зарби тир бар сараш ҷон додааст. Дар куштори ӯ роҳбараш, […]

Хабаргузории Озодагон

Дар ноҳияи Приозерски вилояти Ленинград ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистон дарёфт шудааст.

Бино ба иттилои хабаргузории Озодагон бо такя ба торнамои 47news, ҷасад аз дохили як селофани полиэтиленӣ аз наздикии рустои Варшко дарёфт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ташхис нишон додаааст, ки ин шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон аз зарби тир бар сараш ҷон додааст.

Дар куштори ӯ роҳбараш, шаҳрванди Русия, ки ба ҳайси муҳандис кор мекардааст, гумонбар мешавад. Корфармои 53-сола иқрор кардааст, ки аз муҳоҷири марҳум ҳудуди 400 ҳазор рубл маош қарздор будааст ва зимни баҳс ӯро парондаст.

Расонаҳо ному насаби мақтулро ифшо накардаанд, аммо гуфта мешавад, ӯ солҳои 2011-2013 дар сафи қушунҳои дохилии Тоҷикистон хидмат кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст