ПСС ҶТ: Иштирокчии ҳодисаи тирпарронӣ дар Петербург намояндаи мо нест

Иштирокчии ҳодисаи чанде қабли тирпарронӣ дар шаҳри Санкт-Петербург Асрор Сафоев ҳеҷ гоҳ намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар ин шаҳр набуд. Ӯ автомашинаи «Мерседес» бо рақамҳои дипломатиро идора мекард, ки ба собиқ сафири фахрии Тоҷикистон дар Петербург Маҳмадназар Мирзода тааллуқ дорад. Бо ин автомашина ӯ дар шаҳр тирпарронӣ карда, аз таъқиби кормандони пулис паноҳ бурданӣ шуд. «Шаҳрванд […]

Asia-Plus

Иштирокчии ҳодисаи чанде қабли тирпарронӣ дар шаҳри Санкт-Петербург Асрор Сафоев ҳеҷ гоҳ намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар ин шаҳр набуд.

Ӯ автомашинаи «Мерседес» бо рақамҳои дипломатиро идора мекард, ки ба собиқ сафири фахрии Тоҷикистон дар Петербург Маҳмадназар Мирзода тааллуқ дорад. Бо ин автомашина ӯ дар шаҳр тирпарронӣ карда, аз таъқиби кормандони пулис паноҳ бурданӣ шуд.

«Шаҳрванд Асрор Сафоев ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ куҷо намояндаи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПСС ҶТ) набуд, – гуфтанд ба «Азия-Плюс» дар Палата. – Ӯ ба Палата ҳеҷ муносибате надорад».

Ҳамчунин зикр гардид, ки гузашта аз ин, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон то ҳол дар шаҳри Санкт-Петербург намояндаи худро надорад.

Қаблан тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса иттилоъ дода буданд, замоне, ки автомашинаи Маҳмадназар Мирзода таҳти таъқиби кормандони пулиси шаҳри Санкт-Петербург қарор гирифт, ӯ аллакай консули фахрии Тоҷикистон дар ин шаҳр набуд.

«Аввали моҳи феврал дар Санкт-Петербург консулгарии генералии Тоҷикистон боз шуда, мутаносибан аз ҳамон замон фаъолияти консули фахрӣ Маҳмадназар Мирзода ба таври автоматӣ қатъ карда шуд», – хабар доданд аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Мукофоти озмун 15 ҳазор сомонӣ аст ва моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад

Қосим Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт 

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.