Сафири Русия ба ҳалли мусбати мушкилоти алоқаи ҳавоӣ бо Тоҷикистон умедвор аст

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар робита ба мушкилоти Тоҷикистону Русия оид ба алоқаи ҳавоӣ гуфтааст, ки феълан ҷонибҳо талош доранд то мушкили парвозҳоро бо усули паритет ва ё баробарӣ ҳал кунанд. «Муносибатҳои молӣ мушкилоти фаровон дорад ва ҷонибҳо ҳамеша аз манфиатҳои худ ҳимоят мекунанд, – қайд кардааст ӯ. – Фикр мекунам, ки ҷонибҳо […]

Радиои Озодӣ

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар робита ба мушкилоти Тоҷикистону Русия оид ба алоқаи ҳавоӣ гуфтааст, ки феълан ҷонибҳо талош доранд то мушкили парвозҳоро бо усули паритет ва ё баробарӣ ҳал кунанд.

«Муносибатҳои молӣ мушкилоти фаровон дорад ва ҷонибҳо ҳамеша аз манфиатҳои худ ҳимоят мекунанд, – қайд кардааст ӯ. – Фикр мекунам, ки ҷонибҳо бар пояи мувофиқатномае, ки дар Ҳамоиши 14-уми комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Русия, ки дар моҳи январ дар Душанбе баргузор шуд, ихтилофҳои назари худро ҳал мекунанд."

Гуфта мешавад, вай дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки пушти моҷарои ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Русия, ки ҳудуди шаш моҳ боз идома дорад, чӣ чизҳое нуҳуфта аст, гуфтааст, "ба андешаи ман, ихтилофи аслӣ дар атрофи шумораи парвозҳо аст, ки ширкатҳои ҳавоии Русия мехоҳанд аз фурудгоҳи Жуковскийи вилояти Маскав ба шаҳрҳои Тоҷикистон анҷом диҳанд."

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.