ВАО: низомиёни рус аз урдӯгоҳҳои толибон боздид кардаанд

Date:

Намояндагони раҳбарияти мақомоти пулиси Афғонистон дар суҳбат бо намояндагони васоити ахбори умум изҳори итминон кардаанд, ки низомиёни рус гӯё ҳамроҳ бо ҳамтоҳои покистонии худ аз урдӯгоҳҳои омодакунии ҷангиён боздид кардаанд. Дар ин бора Афганистан.ру хабар медиҳад.

«Шахсоне, ки аз онҷо (аз Покистон) меоянд, гуфтанд, ки ҳайатро бо толибон дидаанд, – иброз доштааст вакил аз музофоти Пактикои Афғонистон Нодир Хон Катавази. – Лекин дар бораи аз ҷониби ҳайати пешниҳод гардидани кумак ё интиқоли аслиҳа ба толибон мо маълумот дар даст надорем».

Ин хабарҳои пайдошуда дар партави мавҷҳои нави овозаҳо дар бораи ҳамкорӣ миёни Маскав ва ҳаракати «Толибон», ҳамчунин рӯҳияҳои зиддипокистонӣ дар ҷомеаи Афғонистон нигаронӣ ба бор овардаанд.

Бархе аз ходимони сиёсӣ ва ҷамъиятӣ бори навбатӣ Русияро ба мусоидат ба толибон муттаҳам намуда, ҳамчунин аз эҳтимол дур надонистаанд, ки Исломобод талош дорад, ки Маскавро ба даргирии ғайримустақим ҷалб намояд, ки солҳои тӯлонӣ Афғонистон ба он гирифтор аст.

Шабакаи телевизионии «Тулӯъ» дар ин робита хабар додааст, ки мақомоти расмии Покистону Русия то ҳол маълумот доир ба вохӯрии низомиёни кишварашон бо намояндагони «Толибон»-ро шарҳ надодаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...