ВАО: низомиёни рус аз урдӯгоҳҳои толибон боздид кардаанд

Намояндагони раҳбарияти мақомоти пулиси Афғонистон дар суҳбат бо намояндагони васоити ахбори умум изҳори итминон кардаанд, ки низомиёни рус гӯё ҳамроҳ бо ҳамтоҳои покистонии худ аз урдӯгоҳҳои омодакунии ҷангиён боздид кардаанд. Дар ин бора Афганистан.ру хабар медиҳад. «Шахсоне, ки аз онҷо (аз Покистон) меоянд, гуфтанд, ки ҳайатро бо толибон дидаанд, – иброз доштааст вакил аз музофоти […]

Asia-Plus

Намояндагони раҳбарияти мақомоти пулиси Афғонистон дар суҳбат бо намояндагони васоити ахбори умум изҳори итминон кардаанд, ки низомиёни рус гӯё ҳамроҳ бо ҳамтоҳои покистонии худ аз урдӯгоҳҳои омодакунии ҷангиён боздид кардаанд. Дар ин бора Афганистан.ру хабар медиҳад.

«Шахсоне, ки аз онҷо (аз Покистон) меоянд, гуфтанд, ки ҳайатро бо толибон дидаанд, – иброз доштааст вакил аз музофоти Пактикои Афғонистон Нодир Хон Катавази. – Лекин дар бораи аз ҷониби ҳайати пешниҳод гардидани кумак ё интиқоли аслиҳа ба толибон мо маълумот дар даст надорем».

Ин хабарҳои пайдошуда дар партави мавҷҳои нави овозаҳо дар бораи ҳамкорӣ миёни Маскав ва ҳаракати «Толибон», ҳамчунин рӯҳияҳои зиддипокистонӣ дар ҷомеаи Афғонистон нигаронӣ ба бор овардаанд.

Бархе аз ходимони сиёсӣ ва ҷамъиятӣ бори навбатӣ Русияро ба мусоидат ба толибон муттаҳам намуда, ҳамчунин аз эҳтимол дур надонистаанд, ки Исломобод талош дорад, ки Маскавро ба даргирии ғайримустақим ҷалб намояд, ки солҳои тӯлонӣ Афғонистон ба он гирифтор аст.

Шабакаи телевизионии «Тулӯъ» дар ин робита хабар додааст, ки мақомоти расмии Покистону Русия то ҳол маълумот доир ба вохӯрии низомиёни кишварашон бо намояндагони «Толибон»-ро шарҳ надодаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.