Ҳалокати 44 нафар дар ду ҳамла ба калисоҳои Миср

Дар пайи ҳамлаҳои маргбор ба ду калисои қибтӣ дар Миср 44 нафар ба ҳалокат расиданд. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, дар таркишҳои рӯзи якшанбеи 9 апрел дар яке аз калисоҳои масеҳиёни қибтӣ дар шаҳри Танто ва дигаре дар шаҳри Искандария, ҳадди ақал 44 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар низ захмӣ шуданд. Гуфта мешавад, дар […]

Радиои Озодӣ

Дар пайи ҳамлаҳои маргбор ба ду калисои қибтӣ дар Миср 44 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, дар таркишҳои рӯзи якшанбеи 9 апрел дар яке аз калисоҳои масеҳиёни қибтӣ дар шаҳри Танто ва дигаре дар шаҳри Искандария, ҳадди ақал 44 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар низ захмӣ шуданд.

Гуфта мешавад, дар таркиши шаҳри Тантон дар 100-километрии Қоҳира –пойтахти Миср 25 нафар кушта ва ҳудуди 75 тани дигар захмӣ шуданд. Таркиши дувум дар як калисо дар шаҳри Искандария рух дода, шуморе аз афсарони баландпояи пулис кушта шудаанд.

Зикр мегардад, ки масеҳиён 10 дарсади аҳолии Мисрро ташкил медиҳанд. Таркишҳои ахир як ҳафта пеш аз оғози маросими Иди Пок — аз муҳимтарин маросимҳои динии масеҳиён рух дод. Инчуни қарор аст Поп Франсис — раҳбари католикҳои ҷаҳон рӯзҳои 28-29 апрел ба Миср сафар кунад.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки шоми рӯзи гузашта гурӯҳи "Давлати исломӣ" эълом кардааст, ки афроди ин гурӯҳ ин ҳамларо анҷом додаанд.

Раиси ҷумҳури Миср Абдулфаттоҳи Сисӣ дар ин кишвар барои се моҳ вазъияти фавқулодда эълон кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?