ИМА сиёсати «сабри стратегӣ» нисбати Куриёи Шимолиро идома намедиҳад

Ноиб-президенти ИМА Майкл Пенс, ки дар Куриёи Ҷанубӣ қарор дорад, 17 апрел аз минтақаи наздимарзии Куриёи Ҷанубӣ бо Куриёи Шимолӣ дидан кард. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Майкл Пенс дар ин сафар гуфтааст, ҳукумати нави ИМА сиёсати "сабри стратегӣ"-ро нисбати Куриёи Шимолӣ идома нахоҳад дод. Сиёсати "сабри стратегӣ" дар замони президентии Барак Обама […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ноиб-президенти ИМА Майкл Пенс, ки дар Куриёи Ҷанубӣ қарор дорад, 17 апрел аз минтақаи наздимарзии Куриёи Ҷанубӣ бо Куриёи Шимолӣ дидан кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Майкл Пенс дар ин сафар гуфтааст, ҳукумати нави ИМА сиёсати "сабри стратегӣ"-ро нисбати Куриёи Шимолӣ идома нахоҳад дод. Сиёсати "сабри стратегӣ" дар замони президентии Барак Обама дар ИМА ҷорӣ буд.

Бо ишора ба масъалаи мушакҳои ядроии Куриёи Шимолӣ вай гуфт, "давраи сабри стратегӣ ба охир расид".

Падари Пенс солҳои 50-уми асри гузашта дар ҷанги Куриё ширкат дошт. Ба ин хотир Пенс гуфт, масъулияти Вашингтон назди Куриёи Ҷанубӣ, ҳамчун шарики низомии ИМА, "халалнопазир" аст. Вай афзуд, Амрико ҷонибдор аст, ки дар нимҷазира Куриё сулҳ барқарор бошад. Аммо Амрико "ҳамеша бо истифода аз нерӯ ба сулҳ даст ёфтааст", гуфт Пенс. Вай дар идома афзуд, ҳоло ИМА талош дорад, ки амниятро дар нимҷазираи Куриё "бо роҳи гуфтугӯ ва музокирот" ҳал кунад.

"Сарфи назар аз ин, ҳамаи роҳҳо баррасӣ мешаванд", – илова кард Пенс. Ба гуфтаи вай, "Амрико дар амри озод кардани нимҷазира аз силоҳи ҳастаӣ ва шукуфоии бардавому озодии одамон дар канори мардуми Куриёи Ҷанубӣ аст".

Ҳафтаҳои охир вазъи нимзараи Куриё якбора бад шуд. Куриёи Шимолӣ бахшида ба 105-солагии Ким Ир Сен мушакҳои дорои кулоҳаки ҳастаӣ партоб кард. ИМА дар навбати худ низомиёнашро ба наздикии нимҷазира фиристод ва аз машқҳои муштарак бо Куриёи Ҷанубӣ хабар дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.