22 медали толибилмони тоҷик дар олимпиадаи «INFOMATRIXASIA-2017»

Аз 13 то 16 апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Олимпиадаи байнулмилалии «INFOMATRIXASIA-2017» оид ба технологияҳои иттилоотӣ доир гардид. Дар ин Олимпиада беш аз 400 нафар толибилмон аз 13 кишвари Осиё ширкат варзида, Тоҷикистонро 40 нафар хонандагони наврас намояндагӣ карданд. Тавре роҳбари ҳайати Тоҷикистон, намояндаи муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва дастгирии истеъдодҳо» Манучеҳр Ҳабибзода хабар […]

Asia-Plus

Аз 13 то 16 апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Олимпиадаи байнулмилалии «INFOMATRIXASIA-2017» оид ба технологияҳои иттилоотӣ доир гардид.

Дар ин Олимпиада беш аз 400 нафар толибилмон аз 13 кишвари Осиё ширкат варзида, Тоҷикистонро 40 нафар хонандагони наврас намояндагӣ карданд.

Тавре роҳбари ҳайати Тоҷикистон, намояндаи муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва дастгирии истеъдодҳо» Манучеҳр Ҳабибзода хабар дод, олимпиада дар сатҳи баланд баргузор шудааст.

«Толибилмони мо дар Олимпиада 2 медали тилло, 8 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ ба даст оварданд ва лоиҳаҳои хонандагони Мактаби байнулмилалии президентӣ Исмоил Ҳалимзод ва Хоҷимурод Ҳоҷимурод беҳтарин эътироф гардида, онҳо ғолиб дониста шуданд», – иброз дошт номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, ҷоизадорони дигари Тоҷикистон дар ин Олимпиада хонандагони литсейҳо барои кӯдакони лаёқатманд дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва ҳамчунин мактаби байнулмилалии пойтахт мебошанд.

Қобили зикр аст, ки тлибилмони тоҷик аз оғози сол дар Олимпидаҳои байнулмилалӣ ба дарёфти 45 медал ноил гардидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.