Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси вакилони пойтахт интихоб шуд

Дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси пойтахт интихоб шуд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, зимни суханронӣ ба сифати раиси Маҷлис Рустами Эмомалӣ маъмурияти шаҳрро ба тақвияти корҳо дар самти иҷрои нақшаи чорабиниҳо ба муносибати Соли ҷавонон даъват намуда, ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати пешгирии густариши […]

Asia-Plus

Дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси пойтахт интихоб шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, зимни суханронӣ ба сифати раиси Маҷлис Рустами Эмомалӣ маъмурияти шаҳрро ба тақвияти корҳо дар самти иҷрои нақшаи чорабиниҳо ба муносибати Соли ҷавонон даъват намуда, ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати пешгирии густариши ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъаовар, ифротгароӣ ва терроризм байни ҷавонон дастур дод.

Дар иҷлосия як қатор қарорҳои қабулнамудаи Иҷрокунадаи вазифаи  Раиси шаҳри Душанбе дар робита ба сиёсати кадрҳо баррасӣ ва тасдиқ шуда, раиси шаҳр зимни баррасии масъалаи зикршуда, таъкид намуд, ки тамоми кадрҳои ба вазифаҳо таъиншуда мутахассисони соҳаҳои худ буда, дар зинаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ифои вазифа кардаанд ва дорои хислатҳои баланди кордонӣ, садоқат ба халқу Ватан ва вазифаи ба уҳдагирифта мебошанд.

Дар ҷамъбасти кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи масъулинро ҷиҳати дар корҳои  сохтмонӣ   истифода набурдании масолеҳи зуддаргиранда, нигоҳдошти воситаҳои нақлиёту ҷои партовгоҳ бо назардошти меъёрҳои санитарӣ, роҳравҳо ва майдончаи бозии кӯдакон, назорати корҳои азнавсозии роҳу пулҳо, ки аз ҷониби соҳибкорони саховатпеша амалӣ мешавад,  ҳолати тозагӣ ва сифати роҳҳо,  таъмини сокинони пойтахт бо оби ошомиданӣ ҷалб намуд. 

Ҳамчунин ба масъалаҳои даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар, танзиму муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия ва захираи он, ба тартиб даровардани намуди зоҳирии бозорҳои коммуналию хусусӣ, ҷорӣ намудани либоси ягона барои фурӯшандагон ва аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, фароҳам овардани шароити гармӣ дар биноҳои баландошёна, истифодаи самараноки қувваи барқ, ташкили ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қолинбофӣ ва атласу адрас ва дигар масъалаҳои ҳалталаб таваҷҷуҳ зоҳир шуда, ҷиҳати иҷрои саривақтии онҳо   дастуру супоришҳои мушахас дода шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.