Дар Суғд вагонҳои қатораи боркаш чаппа шуданд

Дар даромадгоҳи шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск)-и вилояти Суғд қатораи боркаши иборат аз 6 вагони пӯшида аз релсҳо  бероҳа ва чаппа шуд. Қатораи бидуни тепловоз, ки мутаносибан дастгоҳи манъкунӣ (тормоз) ҳам надошт, бо майли худ то гузаргоҳ аз роҳи оҳан фаромада, панҷ метр дуртар аз хоначаи навбатдори гузаргоҳ таваққуф кардааст. Се вагон чаппа ва дутоаш аз […]

Баҳром Файзуллоев, Asia-Plus

Дар даромадгоҳи шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск)-и вилояти Суғд қатораи боркаши иборат аз 6 вагони пӯшида аз релсҳо  бероҳа ва чаппа шуд.

Қатораи бидуни тепловоз, ки мутаносибан дастгоҳи манъкунӣ (тормоз) ҳам надошт, бо майли худ то гузаргоҳ аз роҳи оҳан фаромада, панҷ метр дуртар аз хоначаи навбатдори гузаргоҳ таваққуф кардааст. Се вагон чаппа ва дутоаш аз релсҳо бероҳа шудааст. Ҳамаи вагонҳо холӣ будаанд.

Як намояндаи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба «Азия-Плюс» гуфт, тибқи фарзияи пешакӣ, дар вагонҳо воситаҳои таваққуф нодуруст ё умуман гузошта нашудаанд, ки дар натиҷа қатора аз нишебии начандон баланд аз ҷояш ба ҳаракат даромадааст. «Хайрият ин ҷо хатти роҳи оҳан сарбаста (тупик) буда, касе аз ин ҳодиса осеб надид», – иброз дошт номбурда.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.