Дар рейтини озодии матбуот Тоҷикистон паҳлӯи Русия ҷой гирифт

Созмони Хабарнигорони бидуни марз бо нашри гузориши ҷадид дар мавриди озодии матбуот дар соли 2017 Тоҷикистонро миёни 180 давлати дунё дар ҷои 149-ум қарор додааст. Бино ба маълумоти хабаргузории «Озодагон», дар раддабандии соли гузашта Тоҷикистон якбора 34 зина поин рафта, дар мақоми 150 ҷой гирифта буд. Кишвари мо аз рӯи озодии матбуот дар соли 2016 […]

Хабаргузории «Озодагон»

Созмони Хабарнигорони бидуни марз бо нашри гузориши ҷадид дар мавриди озодии матбуот дар соли 2017 Тоҷикистонро миёни 180 давлати дунё дар ҷои 149-ум қарор додааст.

Бино ба маълумоти хабаргузории «Озодагон», дар раддабандии соли гузашта Тоҷикистон якбора 34 зина поин рафта, дар мақоми 150 ҷой гирифта буд. Кишвари мо аз рӯи озодии матбуот дар соли 2016 дар мақоми 116 ва соли 2014 дар мақоми 115-ум қарор дошт.

Гуфта мешавад, созмони Хабарнигорони бидуни марз таъкид намудаст, ки озодии матбуот дар ҷаҳон махсусан, дар кишварҳои авторитарӣ зери фишори бесобиқа қарор дорад.

Ин созмон инчунин аз Доналд Трамп, раисиҷумҳури феълии Амрико интиқод кардааст, ки бархилофи анъанаҳои ҳифзи озодии матбуот дар ин кишвар алайҳи расонаҳо изҳорот додааст.

Гузоришгарон дар раддабандии ҷадиди озодии баён Арманистонро дар мақоми 79, Молдова-80, Қирғизистон-89, Русия-148, Қазоқистон-157, Белорусия-163 ва Узбакистонро дар мақоми 169-ум ҷой додаанд.

Матбуоти озодтарини дунё дар Норвегия, Шветсия ва Финландия эътироф шудааст. Чин, Сурия, Туркманистон ва Кореяи Шимолӣ дар охири раддабандӣ ҷой гирифтаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст