Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи байнулмилалии озодии матбуот таҳти унвони «Озодии сухан: Мушкилоти нав ва тамоилҳои ВАО» конфронси ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Оғоз соати 09-00; – Ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» парвозҳояшро аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба Маскав барқарор мекунад; – Дар доираи мусобиқаи Ҷоми КФО-2017 дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи байнулмилалии озодии матбуот таҳти унвони «Озодии сухан: Мушкилоти нав ва тамоилҳои ВАО» конфронси ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Оғоз соати 09-00;

– Ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» парвозҳояшро аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба Маскав барқарор мекунад;

– Дар доираи мусобиқаи Ҷоми КФО-2017 дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ бо тими чемпиони Қирғизистон «Олой»-и Ош бозӣ мекунад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.4998 сомонӣ;

1 евро – 9.2767 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1523 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот.

1862 – Ба Ҷамъияти забоншиносии рус луғати тафсирии забони русии Владимир Дал пешниҳод гардид.

2008 — Олим ва нависнадаи тоҷик Абдуқодир Маниёзов дар Эрон даргузашт.

2012 — Суди олии Тоҷикистон фаъолияти гурӯҳи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» дар қаламрави кишварро расман манъ кард. Созмон ифротгаро ва террористӣ эътироф гардид.

1901-1967 – Зодрӯзи шоир Муҳаммадҷон Раҳимӣ.

1938 – Мавлуди оҳангсоз ва мусиқашинос, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Муборакшо Ҷумъаев.

1949-2004 – Зодрӯзи файласуф Фатҳиддин Сироҷов.

1954 – Мавлуди собиқ роҳбари «Тоҷикгаз» ва раиси Ҳизби демократ Маҳмадрӯзӣ Искандаров.

1961 – Мавлуди раққоса, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Саида Файзалиева.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +25+30; дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +16+21.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +27+32; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +21+26.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ғарб баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +2+7, рӯзона +15+20; дар шарқ шабона -4-9, рӯзона +6+11.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +25+30; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +18+23. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +26+28.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +27+29.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +28+30.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +17+19.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.