Парвози ҳавопаймоҳои «Ямал» ба Тоҷикистон аввали тобистон шурӯъ мешавад

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар парвози ҳавопаймоҳои ширкати русиягии «Ямал» аз фурудгоҳи «Жуковский»-и вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, вале аз ифшои ҷузъиёти масъула худдорӣ мекунад. Як манбаъ аз Вазорати нақлиёт пешниҳоди маълумот доир ба шумори парвози ҳавопаймоҳо тариқи ин хатсайрҳо рад карда, изҳор намуд, ки «мо созиш […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар парвози ҳавопаймоҳои ширкати русиягии «Ямал» аз фурудгоҳи «Жуковский»-и вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, вале аз ифшои ҷузъиёти масъула худдорӣ мекунад.

Як манбаъ аз Вазорати нақлиёт пешниҳоди маълумот доир ба шумори парвози ҳавопаймоҳо тариқи ин хатсайрҳо рад карда, изҳор намуд, ки «мо созиш ҳосил кардем, ки ба ВАО чизе хабар намедиҳем».

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории ТАСС бо такя ба директори тиҷоратии ширкати «Ямал» иттилоъ медиҳад, ки роҳандозии парвози ҳавопаймоҳои ширкат ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд аввали тобистон ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Русия дар таъини ширкати дуюми ҳавопаймоии Русия аз фурудгоҳи Жуковский ва ҳамчунин бекор кардани маҳдудияти парвозҳои ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр» созиш ҳосил карданд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 28 апрел дар Маскав гуфтушунидҳои мақомоти авиатсионии Русия ва Тоҷикистон ба итмом расиданд. Ҳайати Тоҷкистонро дар ин гуфтушунидҳо муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода роҳбарӣ кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.