225,7 млн. доллари Бонки ҷаҳонӣ барои барқарорсозии нерӯгоҳи Норак

Бо тасвиби маблағгузорӣ дар ҳаҷми 225,7 млн. доллари ИМА аз  ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (АБР)  барои татбиқи  Лоиҳаи таҷдиду барқарорсозии НБО Норак мардуми Тоҷикистон ва корхонаҳои ватанӣ  ба  таъминоти бештар  ва  боэътимоди нерӯи барқ дастрасӣ пайдо мекунанд.  Маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ, ки чоряки он аз грантҳо ва аз чор се ҳиссаи  он аз қарзҳо иборат  аст  […]

Иттилоияи расмӣ

Бо тасвиби маблағгузорӣ дар ҳаҷми 225,7 млн. доллари ИМА аз  ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (АБР)  барои татбиқи  Лоиҳаи таҷдиду барқарорсозии НБО Норак мардуми Тоҷикистон ва корхонаҳои ватанӣ  ба  таъминоти бештар  ва  боэътимоди нерӯи барқ дастрасӣ пайдо мекунанд. 

Маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ, ки чоряки он аз грантҳо ва аз чор се ҳиссаи  он аз қарзҳо иборат  аст  барои  анҷомдиҳии  корҳои  таъмиру  таҷдиди  Нерӯгоҳи  барқи  обии  Норак  дар  Тоҷикистон масраф мегардад. 

“Барои  ноилшавӣ  ба  рушди  устувори  иҷтимоию  иқтисодӣ,  мусоидат  дар  вусъатдиҳии  фаъолияти соҳибкорӣ  ва  баланд  бардоштани  сифати  зиндагии  шаҳрвандон  таъмини  боэътимоди  нерӯи  барқ зарур аст”,  афзуд Ян-Петер Олтерc, Намояндаи доимии  Бонки ҷаҳонӣ  дар  Тоҷикистон –  Бо қабули қарори  имрӯза, Бонки ҷаҳонӣ  дар  кӯшишу талошҳои Тоҷикистон  ҷиҳати  таъмини амнияти энергетикӣ барои мардуми худ ва устувории  молиявии системаи энергетикии кишвар саҳмгузор шуда ба рушди иқтисодии устувор ва фарогир мусоидат мекунад.”

Арзиши  марҳилаи якуми  барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии Норак (НБО)  тақрибан 350 млн. доллари ИМА-ро  ташкил  медиҳад.  Илова  бар  дастгирии  Ассотсиатсияи  байналмилалии  рушди  Бонки  ҷаҳонӣ, маблағузории иловагӣ аз ҷониби Бонки Осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (60 млн. доллари ИМА), Бонки Авруосиёгии рушд (40 млн. доллари ИМА) ва дигар сарчашмаҳо (24 млн. доллари ИМА), пешниҳод мегардад.  Бо  ин  маблағ,  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  корҳои  зеринро  ба  анҷом  мерасонад: барқарорсозии  се  гидроагрегат,  ивази  шаш  трансформаторҳои  танзимкунандаи  шиддати  нерӯи  барқи тавлидшуда (310 млн.доллари ИМА);  баланд бардоштани бехатарии садди обанбор,  аз он ҷумла диққати махсус ба  чораҳои муҳофизатӣ аз хатароти сейсмикӣ ва обхезиҳо  (30 млн.доллари ИМА); ва таҳкими иқтидори  институтсионалии  Ширкати  саҳҳомии  кушодаи  холдингии  «Барқи  Тоҷик»  ҷиҳати  беҳтар намудани нишондиҳандаҳои амалиётӣ ва молиявии ширкат (10 млн.доллари ИМА).

НБО  Норак  бо  иқтидори  муқарраршудаи  барзиёд  аз  3,000  мегаватт,  иншооти  калидии  системаи энергетикии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Таҷдиду барқарорсозии он дар талошҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба  таъмини  боэътимоди  нерӯи  барқ,  бахусус  дар  фасли  зимистон,  ҷои  марказиро  ишғол  менамояд.

Нерӯгоҳи барқи обӣ, ки тақрибан  70 фоизи ҳаҷми умумии талаботи солонаи  нерӯи барқро тавлид мекунад, таҷҳизот ва инфрасохтори он куҳнаву фарсуда шудааст. Аз соли 1972, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт  буд, дар иншооти мазкур  таъмири асосӣ гузаронида нашудааст  ва айни замон нерӯгоҳ танҳо 77 фоизи  иқтидори  лоиҳавии  худро  истифода  мебарад.  Сармоягузориҳои  пешниҳодшуда  ҷиҳати барқарорсозии нерӯгоҳ иқтидори тавлиди нерӯи барқро дар фасли зимистон ба 33 миллион киловатт соат зиёд намуда, ба бартараф кардани мушкилоти асосӣ мусоидат мекунад.  Дар мавсими гармидиҳии моҳҳои ноябр – март талабот дар дохили кишвар ба нерӯи барқ зиёд аст ва аксари вақт қонеъ намегардад. Дар давоми  фасли  тобистон,  Тоҷикистон  метавонад  ҳаҷми  содироти  нерӯи  барқро  аз  ҳисоби  манбаъҳои ғайриорганикӣ зиёд намуда, ба ин восита даромади иловагии зарурбударо барои бахши энергетика ба даст орад.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Барқи Тоҷик амалӣ хоҳад шуд ва марҳилаи аввали он дар давоми солҳои 2017-23 татбиқ мегардад.  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 корҳои омодагиро  ба марҳилаи дуввуми лоиҳа оғоз мекунад.

Айни замон сандуқи фаъоли Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон  21 лоиҳаро бо арзиши  умумии 357 млн. доллари ИМА дар бар мегирад, ки онҳо ба мусоидат дар  афзоиши иқтисодӣ аз ҳисоби рушди бахши хусусӣ дар баробари сармоягузорӣ ба беҳтар намудани хизматрасониҳои ҷамъиятӣ ба аҳолӣ ба монанди дар соҳаи маориф, тандурустӣ, обтаъминкунӣ,  беҳдошт  ва ҳифзи иҷтимоӣ,  равона шудаанд. Аз соли 1996 инҷониб, Бонки ҷаҳонӣ маблағи 1.1 млрд. доллари ИМА дар шакли  грантҳо, қарзҳои имтиёзноки АБР ва маблағҳои фондҳои мақсаднок, ҷудо намудааст.

Бонки  ҷаҳонӣ  барои  идомаи  дастгирии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  омода  аст,  зеро  кишвар  кӯшиш  ба  харҷ медиҳад, ки зиндагии мардум, бахусус оилаҳои осебпазир дар манотиқи деҳоти кишварро беҳтар намуда, талаботи аҳолии ҷавон ва афзоишёбандаи худро қонеъ созад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.