АНОНС
– Дар толори хурди Театри ба номи А.Лоҳутӣ маҳфили эҷодии шоир ва нависандаи русзабони тоҷик Темур Зулфиқоров доир мегардад. Оғоз соати 17:30;
– Дар даври нуҳуми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон дастаи «Хуҷанд» дар варзишгоҳи «20-солагиии Истиқлолият» тими «Барқчӣ»-и Ҳисорро қабул мекунад;
– Дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» дар доираи лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2017» намоиш-ярмаракаи маҳсулот ва хизматгузориҳо идома меёбад. Вақти кори намоиш-ярмарка аз соати 10:00 то 18:00 буда, воридшавӣ бепул аст.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.4998 сомонӣ;
1 евро – 9.2869 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1502 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1947 – Ифтитоҳи осорхонаи ҳунари ихтироъкории ҶШС Тоҷикистон.
1965 – ИҶШС таъмини Ветнам бо мушакҳои «замин-ҳаво» барои муҳориба бо амрикоиёнро оғоз кард.
2007 — Вазири маориф ва илми Русия А.Фурсенко мактаби Русияву Тоҷикистон дар назди Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистонро дар Душанбе ифтитоҳ намуд.
2014 — Дар доираи сафари расмии президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаамедов ба Тоҷикистон ва гуфтушуниҳои ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистону Туркманистон миёни кишварҳо 9 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.
1910-1996 – Зодрӯзи доктори улуми геология Сороҷон Юсуфова.
1914 – Мавлуди нависанда Қодир Наимӣ.
1912-1994 – Зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар.
1932-1993 – Мавлуди нависанда Мавҷуда Ҳакимова.
1932 – Зодрӯзи доктори улуми филология, профессор Додхудо Карамшоев.
1933-2001 – Мавлуди профессор Ислом Эшонов.
1934 – Зодрӯзи адабиётшинос Усмон Каримов.
1934-2005 – Мавлуди журналист Саъдоншо Нафасшоев.
1938-1992 – Мавлуди овозхон ва мусиқашинос Рустами Абдураҳим.
1935 – Зодрӯзи овозхон Карим Раҳим.
1942 – Мавлуди олими иқтисодчӣ, профессор Дӯстмурод Ӯроқов.
1945 – Зодрӯзи журналист Зафар Мирзоев.
1947 – Мавлуди доктори улуми фалсафа Муҳаммадалӣ Музаффарӣ.
1948 – Зодрӯзи Зокир Вазиров, арбоби намоёни давлатии Тоҷикистон.
1956 – Мавлуди журналист Султон Парманов.
1962 – Зодрӯзи Зариф Ализода Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +26+31; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +17+22.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +28+33; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +22+27.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +4+9, рӯзона +18+23; дар шарқ шабона -3-8, рӯзона +6+11.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +26+31; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +19+24.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +28+30.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +28+30.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +29+31.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +19+21.




