Усмонов Навалнийро бо қаҳрамони Булгаков аз китоби «Дили сагона» муқоиса кард

Алишер Усмонов, тоҷири ӯзбектабори Русия дувумин муроҷиатномаашро ба мухолифи рус Алексей Навалний нашр кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин навор Усмонов муассиси Бунёди мубориза бо фасодро ба қаҳрамони нависанда Михаил Булгаков Полиграф Шариков аз китоби "Дили сагона" муқоиса кард. Полиграф Шариков "ваъда медод, ки ҳама чизро соҳиб шуда, бо дигарон […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Алишер Усмонов, тоҷири ӯзбектабори Русия дувумин муроҷиатномаашро ба мухолифи рус Алексей Навалний нашр кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин навор Усмонов муассиси Бунёди мубориза бо фасодро ба қаҳрамони нависанда Михаил Булгаков Полиграф Шариков аз китоби "Дили сагона" муқоиса кард. Полиграф Шариков "ваъда медод, ки ҳама чизро соҳиб шуда, бо дигарон тақсим мекунад".

Гуфта мешавад, Усмонов Навалнийро на танҳо "авомфиреби бесавод" (тавре, ки ба гуфтаи Усмонов, Шариков буд), балки "дурӯғгӯи қиссапардоз" номид.

Зимнан зикр мегардад, ки навори видеоиро миллиардери ӯзбектабор дар саҳифаи сомонаи иҷтимоии "ВКонтакте" нашр кард.

Дар ин муроҷиатнома Усмонов ба дархости Навалний дар бораи мубоҳиса посухи рад дода, гуфт, мубоҳисаи онҳо дар додгоҳ баргузор мешавад. Ҷаласаи додгоҳӣ аз рӯи шикояти Усмонов нисбати Навалний 30 май таъйин шудааст.

Ин дувумин муроҷиати Усмонов ба Навалний аст. Навалний Усмоновро дар фасодкорӣ муттаҳам кард. Навалний мегӯяд, Усмонов қитъаи заминеро дар минтақаи Рублевкаи Москва ба бунёди мутааллиқ ба сарвазири Русия Дмитрий Медведев ҳамчун пора тақдим кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.