Вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Маскав раҳсипор шуд

Date:

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ, ки санаи 26-май доир мегардад, ба шаҳри Маскав раҳсипор шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласаи мазкур баррасии 19 масъала, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиш, нигаҳдорӣ ва тарғиби мероси таърихӣ ва фарҳангӣ дар бахши ҳарбӣ, густариши ҳамкориҳои мақомоти низомии кишварҳо дар соҳаи омодагии ҷангӣ ва таълими саҳроӣ, эътирофи муштараки рутбаҳои ҳарбии таъиншуда дар кишварҳои узви Иттиҳод, ҳамкорӣ дар таъмини парвозҳои авиатсияи нерӯҳои мусаллаҳ ва таъмини бехатарии онҳо дар назар аст.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин Нақшаи амалисозии Консепсияи рушди низоми ягонаи геоиттилотии таъиноти низомӣ, чорабиниҳои муштараки нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳо дар соли 2018, масоили баргузории размоишҳои муштараки низоми муттаҳидаи зиддиҳавоӣ таҳти унвони «Иттиҳоди ҷангӣ-2017» (Боеове содружество-2017) баррасӣ мешаванд.

Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ соли 1992 таъсис ёфта, ба ҳайати он намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дохил мешаванд. Ҳамчунин дар кори ин Шӯро намояндагони давлатҳои Молдова, Туркманистон ва Украина низ ширкат меварзанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...