Омӯзиши КБСС ба мутахассисони тоҷик оид ба кор бо боқимондаҳои инсонӣ

Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) омӯзиши якрӯза дар мавзӯи кор бо боқимондаҳои инсонӣ дар ҳолатҳои фақулодаи миқёсаш калон баргузор намуд. Бештар аз 20 нафар иштирокчиён аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, хадамоти сарҳадӣ, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (мутахассисони судиву тиббӣ), вазоратҳои корҳои дохила ва мудофиа, инчунин намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон малака […]

Иттилоияи расмӣ

Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) омӯзиши якрӯза дар мавзӯи кор бо боқимондаҳои инсонӣ дар ҳолатҳои фақулодаи миқёсаш калон баргузор намуд.

Бештар аз 20 нафар иштирокчиён аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, хадамоти сарҳадӣ, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (мутахассисони судиву тиббӣ), вазоратҳои корҳои дохила ва мудофиа, инчунин намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон малака ва дониши худро дар ин самт такмил доданд.

Тренери омӯзиш Клаудия Елена Гарридо Варас  ҳамоҳангсози минтақаваии КБСС оид ба криминалогияи судиву тиббӣ мебошад.

“КБСС инхел омӯзишҳоро бениҳоят муҳим меҳисобад” – мегӯяд Клаудиа Аззолини, сардори миссияи КБСС дар Тоҷикистон. – Муносибати дуруст бо нафароне, ки дар ҳолатҳои фавқулода фавтидаан гарави он мешавад, ки қурбониён саривақт муайян карда мешаванд ва бедаракшуда ҳисоб намеёбанд, ки худ, ин наздиконашонро ба дарди давомнок ва номуайяни оварда метавонад”.

Иштирокчиёни омӯзиш имконият пайдо намуданд, ки дониши худро оид ба муносибат бо фавтидагон барои муайян кардани шахсияти онҳо бо эҳтироми шаъну шараф ва риоя кардани меъёрҳои фарҳангии маҳаллӣ тасниф гардонанд.

Омӯзиш маслиҳатҳои амалӣ ва махлумот дар бораи таҷрибаи пешқадам дар чорчӯбаи муносибат бо боқимондаҳои инсонӣ дар ҳолатҳое, ки шумораи зиёди ҷабрдидаҳоро дорад, пешниҳод мекунад.

Солҳои 2014, 2015 ва 2016 ин намуд омӯзишҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қурғонтеппа гузаронида шуданд. КБСС оилаҳое, ки наздиконашон бедарак шудаанд, дастгирӣ мекунад ва дар пешгирии бедаракшавӣ фаъолият мекунад, омӯзишҳо мегузаронад ва бо ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии дахлдор кор мебарад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст