Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Аз 30 то 1 июн дар қаламрави ду машқгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон – «Ҳарбмайдон» ва «Лоҳур» марҳилаи фаъоли размоишҳои байнулмилалии «Зиддитеррор-2017» доир мегардад, ки нахустин тамрини Маркази зиддитеррористии ИДМ бо ҷалби нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои Иттиҳод аст; – Пеш аз вохӯрии даври охирини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 дар гурӯҳи «D» миёни дастаҳои футболи «Истиқлол» […]

Asia-Plus

АНОНС

– Аз 30 то 1 июн дар қаламрави ду машқгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон – «Ҳарбмайдон» ва «Лоҳур» марҳилаи фаъоли размоишҳои байнулмилалии «Зиддитеррор-2017» доир мегардад, ки нахустин тамрини Маркази зиддитеррористии ИДМ бо ҷалби нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои Иттиҳод аст;

– Пеш аз вохӯрии даври охирини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 дар гурӯҳи «D» миёни дастаҳои футболи «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Олтин Асир» (Туркманистон) дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси» нишасти хабарии пеш аз бозӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 11:00

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8200 сомонӣ;

1 евро – 9.8669 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1533 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1931 – КИМ ва ШКХ ҶШС Тоҷикистон қарор «Дар бораи маҳви бесаводӣ миёни аҳолии калонсоли ҶШС Тоҷикистон»-ро қабул карданд.

1992 — Роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон.

2007 — Дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» қабул шуд.

2011 — Дар назди АМИТ «Ховар» КВД «Радио FM ХОВАР» таъсис дода шуд.

1920-1993 – Зодрӯзи доктори улуми таърих, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, профессор Мақсуд Шукуров.

1945 – Мавлуди профессор Анвариддин Муҳиддинов.

1948-1997 – Зодрӯзи Арбоби шоистаи Тоҷикистон Пӯлод Аҳмадов.

1949 – Мавлуди Корманди шоистаи Тоҷикистон Холмирзо Сангинмуродов.

1950 – Зодрӯзи рассом Шоҳбутулло Шоҳбутолибов.

1955 – Мавлуди иқтисодчӣ Маҳмадшариф Нозимов.

1967 – Зодрӯзи доктори улуми кишоварзӣ Амонулло Салимов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +26+31; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +13+18.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +29+34; дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +21+26.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +9+14, рӯзона +18+23; дар шарқ шабона 0+5, рӯзона +10+15.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, чангу ғубор.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +26+31; дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +14+19. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +27+29.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +27+29.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +31+33.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +28+30.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.