Ҳабси як зан барои ҷалби дугонааш ба истисмори шаҳвонӣ

Date:

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар хариду фурӯши одамон як зани 30-солаи сокини шаҳри Душанберо боздошт намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда бо роҳи фиреб ба боварии зани 23-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, бо ваъдаи бо ҷойи кори муносиб таъмин намудан, ӯро 15-уми июли соли 2015 ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб бурдааст.

Гуфта мешавад, сипас дар ин шаҳр ӯро ба истисмори шаҳвонӣ гирифтор намуда, қасдан қарздор ва маблағҳоеро, ки аз ҷабрдида ба даст овардааст, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати дастгиршуда тибқи моддаи 130 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Одамрабоӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2016 аз рӯи далели одамрабоӣ 8 парвандаи ҷиноӣ (соли 2015 – 14 парвандаи ҷиноӣ) боз шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...