Ҳушдори сафорати ИМА оид ба хатари ҳамлаҳои террористӣ дар Тоҷикистон

Сафорати Амрико дар ҳушдори навбатиаш ба шаҳрвандони амрикоие, ки қасди сафари Тоҷикистонро доранд, гуфтааст, ҳарчанд дар ин авохир дар ин кишвар ҳамлаҳои террористӣ сурат нагирифтаанд, вале хатари чунин ҳамлаҳо дар 6-12 моҳи охир афзоиш ёфтааст. Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, сафорати Амрико дар Душанбе рӯзи 16 июн дар ҳушдори навбатиаш ба шаҳрвандони амрикоии […]

Akhbor.com

Сафорати Амрико дар ҳушдори навбатиаш ба шаҳрвандони амрикоие, ки қасди сафари Тоҷикистонро доранд, гуфтааст, ҳарчанд дар ин авохир дар ин кишвар ҳамлаҳои террористӣ сурат нагирифтаанд, вале хатари чунин ҳамлаҳо дар 6-12 моҳи охир афзоиш ёфтааст.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, сафорати Амрико дар Душанбе рӯзи 16 июн дар ҳушдори навбатиаш ба шаҳрвандони амрикоии роҳии Тоҷикистон навиштааст, ки таҳдиди ҳамлаҳои террористӣ дар ин кишвар дар моҳҳои охир афзудааст.

Дар ин ҳушдор аз ҷумла гуфта мешавад: "Ҳарчанд дар ин авохир дар Тоҷикистон ҳамлаҳои аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ созмонёфта сурат нагирифтааст, вале хатари чунин ҳамлаҳо дар 6-12 моҳи охир ғолибан афзоиш ёфтааст. Як силсила аз созмонҳои террористӣ метавонанд қасди анҷоми ҳамлаҳо дар қаламрави Тоҷикистон, аз ҷумла ба зидди манфиатҳои Амрико ва ба зидди сафорати Амрикоро ба роҳ андозданд.”

Бо дарназардошти ин шароит ва вазъият сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба шаҳрвандони амрикоӣ чанд машварат додааст:

– Дар атрофи марзи Афғонистон аз эҳтиёт кор бигиред ва дар соатҳои шабонгоҳӣ дар минтақаҳои аҳолинишин бимонед.

– Аз маконҳои ҷамъомади издиҳоми бузург ва аз истифода нақлиёти ҷамъиятӣ ҳаддалимкон худдорӣ кунед.

– Роҷеъ ба ончӣ дар атрофатон мегузарад, бохабар бошед ва ба фаъолиятҳои ғайримуқаррарӣ бо диққат муносибат кунед.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар моҳҳои ноябр ва декабри соли гузашта низ аз таҳдиди ҳамлаҳои террористӣ дар ин кишвар ҳушдор дода буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик аз мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё дар шаҳри...

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.