Имзои қарордодҳо бо Ӯзбекистон ба маблағи 2,5 млн. доллар дар ярмаркаи «Суғд-2017»

Date:

Дар ҳошияи кори ярмаркаи «Суғд-2017» дар Хуҷанд миёни соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон 73 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ дар ин робита изҳор намуд, ки аз рӯи натиҷаҳои кори ин ҳамоиши иқтисодӣ дар маҷмӯъ ҳудуди 100 қарордод баста шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, бо соҳибкрони ӯзбек тақрибан ба маблағи умумии 2,5 млн. доллар лоиҳаҳо ба имзо расидааст, ки дар фурсати наздик амалӣ хоҳанд шуд.

Дар робита ба ифтитоҳи Хонаи савдои Ӯзбекистон, Анвар Яъқубӣ зикр кард, ки дар ин бора созиш ҳосил шуда, онҳо корхонаро ба қайд гирифтаанд.

Масъули бахши иқтисодии ҳукумати вилояти Суғд ба намояндагони ВАО иттилоъ дод, ки моҳи сентябр дар шаҳри Тошканд баргузории намоиши милии Тоҷикистон дар назар буда, соҳибкорони Суғд низ дар он иштирок мекунанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...