Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз намояндагони дӯкону фурӯшгоҳҳои бозори «Корвон»-ро, ки аз сӯхтори шаби 2 июл осеб диданд, ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои дахлдори шаҳр супориш додааст, ки ҳамаи тоҷирони дӯкону фурӯшгоҳҳои аз сӯхтор осебдида ба муҳлати ду сол аз маблағи иҷора ва пардохтҳои якдафъаина барои даромади бозор озод карда шаванд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби сар задани сӯхтор дар бозори бузургтарини кишвар – «Корвон»-ро расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ унвон кард.
Қобили зикр аст, ки дар бозори «Корвон» чандин маротиба сӯхтор рух дод. Тобистони соли 2011 дар маҷмаии савдои «Элегант»-и бозор сӯхтор рух дода буд.
Моҳи сентябри соли 2012 низ соатҳои шаши бегоҳи дирӯз дар қисмати яклухтфурӯшии бозори «Корвон» якбора дар якчанд ҷой сӯхтор сар зада, моҳи октябри ҳамин сол барқарор карда шуд.


